Раисони чанд ноҳияро дар Тоҷикистон нав карданд

Абдуллоҳ Раҳмонзода ва Ашурбой Солеҳзода муовинони раиси вилояти Хатлон таъйин шудаанд

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони чанд шаҳру ноҳия аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Дафтари матбуотии президент 7-уми январ хабар дод, ки муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ озод шудаанд.

Дафтари матбуотии президент номи раисони нави шаҳру ноҳияҳо дар Фейсбук нашр кард:

  • Пирзода Диловар - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб;
  • Набизода Фаррухуддин Амурдин - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
  • Рауфзода Саймумин Тоҷиддин - раиси ноҳияи Ховалинг;
  • Ализод Азизулло Муҳибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун;
  • Ҷумазода Шарифҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара;
  • Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода - раиси шаҳри Истаравшан;
  • Нӯмонзода Темурҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  • Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен;
  • Салимзода Нусратулло Файзулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Муминзод Камолиддин Рамазон - раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Давлатзода Зарина Дилмурод - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Маъмурзода Адҳам Маъмур - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Ҳамчунин Ашурбой Солеҳзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Абдулло Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа аз мақомҳояшон барканор ва "муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин гардиданд".

Манучеҳр Шарифзода, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанг буд, директори "Театри миллӣ" шудааст.

Ҳамасола дар оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора аз таъйини "кадрҳои ҷавону болаёқат" ситоиш мекунад. Баъзе аз намояндагони мухолифон мегӯянд, ин таъйинот на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси хидмату садоқат ба режим сурат мегирад.