Раисони 11 шаҳру ноҳияро дар Тоҷикистон дигар кардаанд

Тағйирот рӯзи 4-уми ноябр сурат гирифт

Раисони ёздаҳ шаҳру ноҳияро дар вилоятҳои Бадахшону Хатлон ва минтақаи Рашт дигар кардаанд.

Ин тағйирот рӯзи 4-уми ноябр бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Дафтари матбуоти президент дар як паёми бидуни тафсилот навишт, ки дар ин рӯз раҳбарони шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Дарвоз, Ҳамадонӣ, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Муъминобод, Дӯстӣ ва Сангвор нав шуданд.

Кӣ таъйин шуд:

  • Тоҷиддин Нурмаҳмадзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор;
  • Муслиҳиддин Маҳмудзода – раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;
  • Даврон Нишонзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён;
  • Дилшоди Давлаталӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор;
  • Зафар Гулзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
  • Дилшод Ризозода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод;
  • Қурбоналӣ Юсуфзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён;
  • Шералӣ Собирзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ;
  • Қурбон Вализода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш;
  • Ҳабибулло Амирбекзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз;
  • Амид Комилбек – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ.

Тибқи ин тағйирот, Ризо Назарзода, ки то ин дам раиси шаҳри Хоруғ буд, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гаштааст. Ӯ дар гузашта дар мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонону варзиш низ кор кардааст. Мӯсо Мирзозода муовини аввал ва Диловаршо Насулобекзода ва Некрӯз Нуриддинзода муовинони дигари раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шудаанд.

Мақомот сабаби дигаргунии кадриро дар ҳукуматҳои 11 шаҳру ноҳия шарҳ надодаанд.

Вале дафтари матбуоти президент рӯзи чоршанбе аз қавли раисҷумҳур навишт, ки “барои кадрҳои навтаъйин вазифаи аз ҳама муҳим бо фарҳанги баланди муошират кор кардан бо мардум аст.”

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора аз таъйини, ба гуфтааш, “кадрҳои ҷавону болаёқат” ситоиш мекунад. Баъзе аз намояндагони мухолифини ҳукумат дар хориҷа мегӯянд, ин таъйинот бештар на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бар асоси хидмату вафодорӣ ба режим сурат мегирад.