Дар Покистон раиси пешини ISI ба 14 сол зиндон маҳкум шуд

Файз Ҳамид, раиси пешини Созмони истихбороти Покистон.

Додгоҳи низомии Покистон раиси пешини Созмони истихборотии ин кишварро (ISI) бо чанд иттиҳом, аз ҷумла, мудохила дар сиёсат, ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Генерал Файз Ҳамид давраи маҳкумияташро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.

Ин ҳукм дар кишваре, ки артиши он беш аз се даҳа ба таври мустақим ҳукуматро дар ихтиёр доштааст, аз нодиртарин маҳкумиятҳо алайҳи як генерали бонуфуз ба шумор меравад.

Артиши Покистон рӯзи 11 декабр эълон кард, ки Файз Ҳамид пас аз "раванди тӯлонӣ ва душвор", ба мудохила дар сиёсат, нақзи қонуни асрори расмӣ, сӯистифода аз манбаъҳои давлатӣ ва ворид кардани хисороти ғайриқонунӣ ба афрод, гунаҳкор шинохта шудааст.

Файз Ҳамид дар даврони нахуствазирии Имрон Хон, аз соли 2019 то 2021 раҳбарии ISI-ро бар ӯҳда дошт ва аз муттаҳидони наздики Имрон Хон ба шумор мерафт.

Покистон чандин ниҳоди истихборотӣ дорад, аммо ISI қудратмандтарин ва бонуфузтарини онҳо аст.

Имрон Хон, нахуствазири пешини ин кишвар пас аз он, ки ҳимояти фармондеҳони баландпояи артишро аз даст дод, дар соли 2022 аз қудрат барканор шуд ва акнун дар зиндон ба сар мебарад.

Артиши Покистон дар соли 2023 Файз Ҳамидро бинобар нодида гирифтани қонунҳои артиш, аз рутбаҳои низомӣ маҳрум карда буд.

Файз Ҳамид, ки замоне яке аз гузинаҳои аслӣ барои мақоми фармондеҳии артиши Покистон ба шумор мерафт, робитаҳои наздик низ бо Толибони Афғонистон дошт ва пас аз бозгашти онҳо ба қудрат дар соли 2021 гуфта буд, ки ин таҳаввул "ба хубӣ пеш хоҳад рафт".

Артиши Покистон дар ҳафт даҳаи истиқлоли ин кишвар беш аз 30 сол ба таври мустақим ҳукуматро дар даст дошт ва ҳамчунин нақши муҳиме дар ташкил ва суқути ҳукуматҳо иҷро мекунад.