Исломҷон Саидови 48-сола, ки барои доираи васеи мардуму матбуот дар Тоҷикистон шахси камошно ба шумор меравад, рӯзи 19-уми сентябр дар як маросим дар Литва раиси Наҳзати исломӣ (собиқ ҲНИТ) интихоб шудааст. Ӯ дар ин мақом Муҳиддин Кабириро иваз кард. Кабирӣ бист сол раёсати ҳизбро бар уҳда дошт ва барои тӯлонӣ мондан дар ин мақом солҳои охир мавриди танқиди баъзе аз ҳамсафонаш низ қарор гирифта буд.
"Самти мубориза бояд ба дигар тараф бурда шавад"
Муҳиддин Кабирӣ
Баъзе аз аъзои Наҳзати исломии Тоҷикистон ин дигаргуниро “таҳаввулоти ҷиддӣ” арзёбӣ карда, аммо бархе шарҳнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ “тағйироти рӯякӣ” номидаанд. Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоли ҳозир мақоми раиси Паймони миллии Тоҷикистонро ҳифз кардааст. Эътилофе, ки аз се созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷа иборат аст ва Наҳзати исломӣ яке аз асоситарини онҳост.
Исломҷон Саидов, раиси нави Наҳзати исломӣ, моҳи сентябри соли 1978 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шуда, аз соли 2015 дар Лаҳистон ё Полша кору зиндагӣ мекунад. Ба қавли худаш, фаъолияти ҳизбиро аз соли 2009 дар Шӯрои уламо ё Академияи Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ сар кардааст.
Мегӯяд, баъди баста шудани ҳизб фаъолияти худро дар Лаҳистон (Полша) идома дод. Соли 2018 намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон, соли 2023 раиси дастгоҳи ин созмон ва сипас дар соли 2025 муовини аввали раиси ҲНИТ буд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ки соли 1989 ҳамчун бахше аз ҳаракати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта буд, яке аз тарафҳои ҷанги хонагии Тоҷикистон, дар соли 2015 ба тарки Тоҷикистон маҷбур гашт. Он бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистию террористӣ эълон шуд.
Ин ҳизб дар Аврупо асосан бо созмондиҳии робитаҳои байнулмилалӣ, ҷамъоварӣ ва пахши маълумоти марбут ба поймоли ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, таҳия ва нашри маводи интиқодӣ аз ҳукумат ва ширкат дар ҳамоишҳои Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо машғул буд. Бахше аз аъзои он фаъолияти раиси худ Муҳиддин Кабириро танқид карда, онро бесамар номиданд ва чанде аз фаъолон сафи онро тарк карданд.
Исломҷон Саидов рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳизб вазифаҳои худро дар маҳдудаи шароитҳои мавҷуд иҷро кардааст: “Назарҳои мухталиф дар бораи НИТ ҳаст, дар бораи Муҳиддин Кабирӣ ҳаст. Вале он чи ки ҲНИТ дар ҳиҷрат бояд анҷом медод, дар ин вазъият анҷом дод. То болотарин сатҳҳое, ки лозим буд, шикоят бурд ва корҳои лозимиро анҷом дод. Ҳоло дигар мемонад ватан ва дохили ватан. Самти мубориза бояд ба дигар тараф бурда шавад – ба тарафи ватан ва гуфтугӯ бо мардум."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ба оппозитсия дар Осиёи Марказӣ чӣ шуд?"Ҳеч вақт гуфтугӯро рад накардаем"
Саидов афзуд, дар пайи ислоҳот дар ҳизб фаъолияти Наҳзати исломӣ ҳам тағйир мекунад: "Вақте калимаи ҳизб аз номи созмон бардошта шуд, ин дигар як ҳаракати иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва маърифатӣ аст ва фаъолияти худро бар пояи арзишҳои исломӣ ва манфиатҳои миллӣ ба пеш мебарад. Ин ба фаъолияти банда бисёр созгор аст."
Суоли дигар аз Исломҷон Саидов ин буд, ки эҳтимоли шарту шароити ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистонро дар чӣ мебинад? “Мо баъд аз соли 2015 ҳеч вақт масъалаи гуфтугӯро рад накардаем ва ин ҳамеша дар барномаи кори НИТ буд, аммо дар ҳамин вазъияте, ки қарор дорем, бовар надорем, ҳукумати Тоҷикистон гуфтугӯро пешниҳод кунад," – гуфт Саидов ва афзуд, "агар пешниҳоди гуфтугӯ дошта бошад, он бештар аз нигоҳи ман ҳатман масъалаи афв шудану таслим шудан аст. Дар сурате ки нерӯҳо баробар нестанд, аз ин ду чиз зиёд наметавонад бошад.”
Радиои Озодӣ аз таҳлилгари сиёсӣ Брюс Паннир хост, бо назардошти таърихчаи фаъолияти ҳизб назарашро ба дигаргунии сохторӣ дар он бигӯяд. Паннир гуфт, "шояд ин тағйири равиш бошад, то онҳо тарафдоронашонро бо ин ақида нигоҳ доранд, ки дигар на ба сиёсат, балки бештар ба масоили динӣ ва иҷтимоии кишвар машғул хоҳанд шуд. Ин таҳаввули ҷолибе аст, аммо бояд дид, ки дар амал чӣ гуна сурат мегирад."
Брюс Паннир
"Он соли 1989, дар замони бозсозии Иттиҳоди Шӯравӣ, таъсис ёфта, пас аз истиқлол эҳтимол пешсафтарин гурӯҳи мухолифин дар Тоҷикистон буд. Агарчӣ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик вуҷуд дошт, Ҳизби наҳзати исломӣ бечунучаро ҳизби асосии он буд. Раҳбараш дар он вақт Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд буд, ки созишномаи сулҳи тоҷиконро бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 имзо кард. Онҳо солҳои зиёд дар саҳна ҳузур доштанд ва дар ниҳоят Раҳмон онҳоро маҷбур кард, канор бираванд. Дар масъалаи ин ки чаро калимаи "ҳизб"-ро аз номи худ гирифтанд, шояд талоше бошад, барои он ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бештар қобили қабул гарданд ё чунонки гуфтам, бешубҳа барои он қишре аз мардум аст, ки аз сиёсат хаста шудаанд ва медонанд, ки дар ин роҳ чизе ба нафъи онҳо нест,” – илова кард Брюс Паннир.
Вокуниши ҳукумати Тоҷикистон, ки даҳҳо узви раёсат ва аъзои қатории ин ҳизбро ба зиндон маҳкум кардааст, ба таҳаввулоти охир дар даст нест.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз намояндагони Наҳзати исломӣ хоҳони пурра дигар шудани раёсати ин созмон шудаанд. “Бунёди Нурӣ”, ки аз ҷониби пайвандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ идора мешавад, истеъфои Муҳиддин Кабирӣ ва интихоб шудани Исломҷон Саидовро “беҳтарин қарор” донист ва навишт, “вақти дигар шудани раёсати наҳзат” расидааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Исломҷон Саидов, раҳбари нави НИТ, кист?