Абдусалом Содиқов, писари зиндонии яке аз фаъолони собиқи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро баъд аз се моҳи ба таври бераҳмона кушта шудани падараш озод кардаанд.
Мунаввара Содиқова, модари Абдусалом, рӯзи 22-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро 17-уми июл бар асоси қонуни афв раҳо карданд ва ба хонаводаи онҳо "андаке хурсандӣ омад".
Ба иттилои расмӣ, Маннон Содиқов (Домулло Абдуманнон)-и 60-сола моҳи май фирефтаи ваъдаи ду нафар барои раҳоии писараш дар ивази 100 000 доллар шуда, вале худ кушта шудааст. Ҷасади ӯро 2-юми майи имсол дар таҳхонаи иморати нимасохтае дар деҳаи Чорбоғи Исфара пайдо карданд.
Эҳсон Бобоеви 31-сола ва хеши 46-солааш Юсуф Шарифов бо гумони қатл ва ғорати 100 ҳазор доллари Маннон Содиқов дастгир шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ду нафар Маннон Содиқовро бо ваъдаи озод кардани писари зиндониаш фиреб додаанд.
Бо гузашти тақрибан се моҳи қатл, мақомоти интизомӣ дар бораи ҷараёни таҳқиқ чизе нагуфтаанд. Талоши батакрори Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомоти интизомӣ дар бораи парванда натиҷа надод.
Ба гуфтаи чанд вакили дифои хориҷ аз Тоҷикистон, ки номашон ба далели амниятӣ нашр намешавад, дар кишвар ингуна муомилаҳои ғайриқонунӣ бе миёнаравии мақомоти интизомӣ сурат намегирад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Муҳиддин Кабирӣ: "Дар қатли Домулло Абдуманнон мақомот даст доранд"Абдусалом Содиқовро соли 2024 бо гуноҳи фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буданд.
Модараш, Мунаввара Содиқова, мегӯяд, писараш ҳангоми гуфтугӯҳои телефонӣ ба падар мегуфтааст, барои раҳоии ӯ пуле надиҳад, зеро мумкин аст, “онҳоро моҳҳои оянда афв кунанд”, вале падараш ба ин гуфтаҳо эътиное накардааст.
Бар асоси Қонуни афв, ки рӯзи 16-уми июл қабул шуд, дар Тоҷикистон ҳазорон нафарро аз зиндонҳо раҳо карданд, аз ҷумла онҳоеро, ки дар тундгароӣ ҳам гунаҳкор дониста шудаанд.