Бар асоси қонуни нави афв, 2 ҳазору 979 тан, аз ҷумла тақрибан сесад занро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод кардаанд.
Идораи зиндонҳо дар эъломияе ба расонаҳои давлатӣ гуфтааст, ин афрод рӯзи 6-уми июл аз маҳбасҳои Норак, Ваҳдат ва Ёвону Дӯстӣ раҳо шуданд.
Мақомот баръакси дафъаҳои гузашта маросими озодии зиндониёнро бе эълони пешакӣ ва асосан бо ҳузури хабарнигорони давлатӣ гузаронданд.
Озодии зиндониён дар Ёвон
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи душанбе аз зиндони низомаш умумии рақами 3/6 дар ноҳияи Ёвон 1120 нафар раҳо шудаанд.
Бино ба аксу наворҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, мардуми зиёде ба пешвози наздикони раҳошудаи худ ба зиндони Ёвон рафта буданд.
Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ниҳоди нозир бар зиндонҳо, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи раҳоии маҳбусон посух надоданд.
Навор дар Инстаграм:
Қонун дар бораи афв рӯзи 16-уми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд. Бар асоси он, бояд 18 ҳазор кас аз боздоштгоҳу зиндон ё аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд.
Аз замони қабули қонун, ин аввалин раҳоии дастаҷамъии маҳкумшудагон аз як зиндони Тоҷикистон аст.
Аммо қонуни афв нисбат ба баъзе аз сиёсатмадорону мухолифон ва фаъолони зиндонӣ татбиқ нахоҳад шуд. Касоне, ки ҳабси абад шудаанд ё бо айбномаи хиёнат ба давлат ва ҷиноятҳои дигари вазнин, ки худашон ва наздиконашон беасос медонанд, дар зиндон ҳастанд.