Раҳмон соҳибкоронро то 2029 аз тафтиши зиёд "озод" кардааст

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба мақомот дастур додааст, ки то моҳи январи соли 2029 фаъолияти соҳибкоронро тафтиш накунанд.

Ӯ дар ин бора рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо соҳибкорон хабар дод.

Ба қавли раисҷумҳур, дар ду соли оянда танҳо нозирони Кумитаи андоз ҳақ хоҳанд дошт, ки фаъолияти соҳибкоронро бисанҷанд.

"Ҳоло дар мамлакат 395 ҳазор субъекти соҳибкорӣ фаъолият дошта, шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазор зиёд гардидааст. Ҳадафи мо то соли 2030 расонидани шумораи онҳо на кам аз 500 ҳазор мебошад," – афзудааст ӯ.

Ду сол пеш низ чунин дастур содир шуда буд, аммо баъзе аз ​тоҷирон шикоят доштанд, ки намояндагони ниҳодҳои гуногун фаъолияти онҳоро тафтиш карда, ба корашон халал мерасонанд.

Аз ҷумла, соҳибкор Насим Усмонов моҳи июли имсол шикоят карда буд, ки нозирони милиса дӯконашро тафтиш карда, ба иддаои ӯ, ноодилона ба дараш мӯҳр заданд.

Соҳибкории хурду миёна, ки дар бисёре аз кишварҳо пойдевори рушди иқтисод дониста мешавад, дар Тоҷикистон бо душвориҳои фаровоне рӯбарӯст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр гуфтааст, дар қонунгузорӣ барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзи андозиву гумрукӣ пешбинӣ кардаанд.

Соҳибкорон дар Тоҷикистон баҳраҳои баланди бонкӣ, вуҷуди фасоди молӣ, набудани шаффофияту рақобати солим, инҳисор ё монополияи соҳаҳои сердаромад ва молиёти баландро аз мушкилоту монеаҳо номбар мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Дар осиёби дигарон об мерезем." Чаро маҳсулоти сохти Тоҷикистон кам аст?Қудрат ва сармоя. Чаро наздикони президентҳо ба бонкҳо рӯй меоранд?Эмомалӣ Раҳмон санҷиши соҳибкоронро то соли 2027 манъ кард