Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми август барои ошноӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба маҳалли ин иншооти азимтарин дар кишвар рафтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони нерӯгоҳ хостааст, корҳо дар ин нерӯгоҳи барқи обӣ, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, бо сифати баланд иҷро шаванд.
Сафари раисҷумҳур ба нерӯгоҳи “Роғун” чанд рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки ширкати рутбасанҷии “S&P” гуфт, қарор аст, чархаи саввуми нерӯгоҳи Роғун дар тирамоҳи соли 2027 ба кор андохта шавад.
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"
Сохтмони нерӯгоҳ, ки солҳои дароз аст, идома дорад, ба навиштаи “S&P” бояд то 9 соли дигар, яъне соли 2035, ба анҷом расад.
Сандуқи Байнулмилалии Пул соли 2024 дар як гузориш дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта буд, ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” на соли 2032, тавре қаблан барномарезӣ шуда буд, балки соли 2033 ба анҷом мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои сохтани чунин иншооти азим пули кофӣ надорад, барои анҷоми он аз кишвару созмонҳои байнулмилалии молӣ қарз гирифтааст.
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"
Иқтисодшиносон, аз ҷумла дар худи кишвар, дар бораи харҷи пули давлат дар сохтмони нерӯгоҳ изҳори нигаронӣ кардаанд, вале вазири молия моҳи июл гуфт, ҳама гуна дахлу харҷ зери назорати ҷиддӣ аст.
Дар ҷараёни сохтмони “Роғун” бинобар беэҳтиётӣ чандин коргар дар садама ва ё тасодуфҳои гуногун ҷон додаанд.