Тоҷикистон ва Олмон муҳоҷират ва реадмиссияро баррасӣ карданд

Акс аз ВКД Тоҷикистон

Дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо фиристодаи вазири корҳои дохилии Олмон оид ба масъалаҳои муҳоҷират Людвиг Юнг дар Душанбе рӯзи 11 май ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуд.

Ба навиштани сомонаи ВКД Тоҷикистон, “ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират, диверсификатсия, раванди муҳоҷират, содда гардонидани низоми ҳуҷҷатгузорӣ барои муҳоҷирон ва пешгирии қаллобӣ” баррасӣ гардид.

Раҳимзода ва Юнг инчунин мавзӯи мубориза бо ҷинояткорӣ ва реадмиссияро баррасӣ карданд, ки бозгардони шаҳрвандонро ба ватанашон дар сурати содир шудани ҷиноят пешбинӣ мекунад.

Дар идома омадааст, ки тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, киберҷиноятҳо (қаллобии онлайнӣ), терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар мавзӯъҳо ҳам дар ин дидор матраҳ шудааст.

Олмон мегӯяд, дар қаламрави ин кишвар зиёда аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд. Шумори паноҳҷӯни Тоҷикистон дар Олмон бахусус баъди саркӯби мухолифон дар даҳ соли пеш бештар шуд ва аз он замон то кунун Душанбе талош кардааст мунаққидони ҳукуматро ба ватан баргардонад.

Дар чанд ҳодисаи ихроҷу истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки баъдан ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндон шуданд, мақомоти Олмонро барои ҳамкорӣ бо ҳукумате интиқод карданд, ки даст ба таъқибҳои фаромиллии мунаққидонаш мезанад.