Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, касе, ки дар Исроил бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон дастгир шудааст, "зодаи Тоҷикистон аст, аммо шаҳрванд нест".
Рамазон Раҳимзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ иддао кард, ки ин нафар гуё аз шаҳрвандии Тоҷикистон берун шуда, шиносномаи Русияро гирифтааст. Ӯ дигар ҷузъиёт надод.
Рамазон Раҳимзода
Тасдиқи дурустии ҳарфҳои вазир аз манобеи мустақил феълан мушкил аст. Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Яъне, сокинон метавонанд ҳамзамон шиносномаи тоҷикӣ ва русӣ дошта бошанд.
Пештар як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ навишта буд, ки барои тасдиқи ҳувият ва шаҳрвандии шахси гумонбар "тавассути роҳҳои дипломатӣ" бо ҷониби Исроил ба тамос баромадаанд.
"Ҳоло мунтазири посухи расмии ҷониби Исроил ҳастем. То ҳол нисбат ба дастгир шудани шаҳрванд ба мо ягон маълумоти расмӣ дастрас нагардидааст," – навишт дафтари матбуоти ВКХ дар ҷавоб ба муроҷиати Радиои Озодӣ. Посух охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд.
Пулиси Исроил ва Хадамоти амниятии ин кишвар рӯзи 2-юми июл эълон карданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистону Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.
Номи ӯ дар изҳороти мақомоти Исроил ба ду шакл муаррифӣ шудааст: Ҳангоми боздошт чун Беҳрӯз Собирҷон ва пас аз эълони айб чун Беҳрӯз Шариф Додобоеви 33-сола.
Додситони Исроил рӯзи 6-уми июл гуфт, бар асоси маълумоти ибтидоӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон "дар бораи макони расидани мушакҳо, соҳилҳои Ҳайфа ва муассисаи низомии Elbit Systems маълумот ҷамъ оварда, бар ивази криптоасъор ба хадамоти иктишофии Эрон фиристодааст."
Расонаҳо ва додситониву додгоҳи Исроил дар бораи мавқеи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол чизе нагуфтаанд.