Равуои бе виза миёни Тоҷикистон ва Молдова ҳифз шудааст

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Низоми бераводид ё виза байни Тоҷикистону Молдова нигоҳ дошта шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2 май хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта порлумони Молдова созишномаи сафари бидуни раводид бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистонро бекор карда буд. То ин замон танҳо дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ метавонистанд, бе раводид вориди Молдова шаванд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Молдова пештар хабар дода буданд, ки давоми панҷ соли ахир зиёда аз 16 ҳазор тоҷикистонӣ вориди Молдова шудаанд.

Солҳои ахир чандини мавриди ба мушкил дучор шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳини ворид шудан ба ин кишвар, сабт шуда буд.

Ҳоло, ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, бино ба мувофиқаи бадастомада, аз 1 апрели соли 2026 низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова барои дорандагони ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад.