"Радиои Муҳоҷир"-ро дубора дар Русия фаъол карданд

"Радиои муҳоҷир", як радиои хусусии интернетӣ, ки дар Русия бо забони тоҷикӣ барнома пахш мекунад, баъд аз чаҳор соли таваққуф дубора фаъол шуд. Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Дар гузашта чанде аз нашрияҳои тоҷикӣ хос барои муҳоҷирон чоп мешуданд, вале ё аз нашр мондаанд, ё дар моҳе як бор ба табъ мерасанд. Муҳоҷирон борҳо аз набудани минбари махсус шикоят кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли онҳо расонаҳои Русия ҳамеша зидди муҳоҷирон хабар нашр мекунанд.

Абдураҳим Қаландаров, масъули "Радиои муҳоҷир", рӯзи 27-уми август гуфт, "пахши иттилои дуруст дар бораи рӯзгори муҳоҷирон, кумаки ҳуқуқӣ ба воситаи радио, омӯзиши забон ба онҳо" ҳадафи асосии кори онҳост. "90 дар сади муҳоҷирон дар Русия ба интернет дастрасӣ доранд ва аз ин рӯ радиои интернетӣ таъсиргузор аст", -- афзуд ӯ.

Ғуфрон Ваҳҳобов, раҳбари хабаргузории "Tajinfo", ки радиои "Муҳоҷир" дар ҳайати он аст, гуфт, "радио аз студияи нисбатан муҷаҳҳаз садо медиҳад ва бештар ба муҳоҷирони тоҷик минбар медиҳад." Вале ӯ гуфт, "дар радиои "Муҳоҷир" рӯзноманигорони ҳирфаӣ фаъолият намебаранд ва кор дар сатҳи фаъолияти блогерони ҳаваскор идома дорад."

Масъулони радио мегӯянд, феълан ҳеҷ маоше аз корашон дарёфт намекунанд ва ҳама то як муддат бепул кор мекунанд.

"Ин як лоиҳаи иҷтимоии мо аст", -- гуфт Ғуфрон Ваҳҳобов.

Ҳайати эҷодӣ ба ин назаранд, ки барномаҳо бояд бо забони сода таҳия шаванд, то барои муҳоҷирон фаҳмо бошад.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, дар ин радиои интернетӣ барномаи ҳуқуқӣ таҳия мекунад. Ӯ рӯзи 27-уми август гуфт, ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо хабари дурӯғ нашр мешавад, ки муҳоҷирон ба онҳо дода мешаванд ва қонунҳои Русияро нақз мекунанд.

Ёров мегӯяд, тавассути барномаи худ мехоҳад роҳҳои қонунии кору зиндагӣ дар Русияро ташвиқ кунад, ки муҳоҷирон дучори мушкил нашаванд.

“Мақсади мо шунидани мушкили муҳоҷирон ва кумак расонидан ба онҳо дар барномаҳои мустақим аст”, -гуфт ӯ.

Хабаргузориҳои давлатӣ аз зиндагӣ ва кори муҳоҷирон кам барнома пахш мекунанд. Хабаргузориҳое, ки бо забони тоҷикӣ барнома пахш мекунанд, дар Русия хабарнигор надоранд.

Зоҳиран ҷойи хабаргузориҳо бо забони тоҷикиро наворҳои блогерҳое гирифтаанд, ки пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор пахш мекунанд. Соҳибёри Толиб, рӯзноманигори муқими Русия мегӯяд, наворҳои онҳо на танҳо касбӣ нестанд, балки мӯҳтавои онҳо дур аз воқеиятанд.

«Чун интернети бемаҳдуд таъмин аст, муҳоҷирон бештар видео мебинанд. Блогерон аксарият ҳаваскоронанд. Онҳое, ки метавонанд, блогери ҳирфаӣ бошанд, таҳлилгарон дар шабакаҳои видеоӣ зоҳир намешаванд», -- гуфт ӯ.

Дар гузашта талоши ташкили телевизион, радио ва нашрия бо забони тоҷикӣ дар Русия комёб набуд. Бо далелҳои сиёсӣ ва ё камубди маблағ пас аз чанд моҳи фаъолият онҳо аз кор бозмонданд.

Зафар Суфӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки гурӯҳи расонаҳои “Озодагон”-ро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсис дода буд, мегӯяд, сабти расонаи мустақил дар Русия чандон сода нест ва аз сӯи дигар дар сурати сабт имкони фаъолият хеле маҳдуд аст.

Ӯ гуфт: «Ба ҳар сурат иллати муваффақ нашудани расонаҳои тоҷикӣ дар Русия, ба назарам, ду ҷанба дорад: агар озодандешона бошад, ҳукумат намегузорад ва бо роҳҳои гуногун монеи фаъолияти он расона мегардад. Агар ҳукуматӣ шавад, муштарӣ пайдо намекунад».

Рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, дар сурати пайдо кардани як «хатти миёна» расона бо забони тоҷикӣ худкифо ва судовар буда метавонад. Чун «муштариёнаш аз он қишри тоҷиконе ҳастанд, ки имкони пардохти ҳаққи хидматро дорад ва имкони ҷазби паёми бозаргонӣ ҳам зиёд аст».

Камбуди иттилоъ бо забони тоҷикӣ дар Русия барои муҳоҷирон дар ҳолест, ки матбуоти ин кишвар бештар иттилои манфӣ дар бораи онҳо нашр мекунанд.

Фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, матбуоти Русия корҳои хуби муҳоҷиронро намебинанд. Ҳоло “Радиои муҳоҷир” дар баробари пахши барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ қасд дорад, чеҳраҳои фаъоли тоҷикон дар ин кишварро муаррифӣ кунад.