Толибон дар Афғонистон қонуни наверо дар бораи талоқ қабул кардаанд, ки ошкоро ба издивоҷ бо кӯдакон иҷоза медиҳад, чизе, ки дар кишвар дар гузашта ҳам будааст.
Ду духтаре, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ ба шавҳар дода шудаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин қонун ба як воқеияти талхи зиндагии бисёре аз духтарони афғон расмият мебахшад. Яъне издивоҷи маҷбурӣ ва пазируфтани сукут ҳамчун нишонаи ризоят.
Нидо танҳо 12-сол дошт ва дар Кобул мактаб мехонд, ки падару модараш ӯро ба як хеши дурашон ва марде доданд, ки ҳаргиз дар умраш надида буд.
Хонаводаи Нидо дар муқоиса ба хонаводаи домод фақиртар буд. Нидо бовар дорад, ки пул ва бесаводии модараш сарнавишти ӯро рақам зад. Духтари 12-соларо ба хонаи шавҳари 20-солааш дар ноҳияи дурдасти Дарвози Афғонистон бурданд ва дар он ҷо даврони кӯдакиаш якбора ба поён расид.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ман ҳатто ҳанӯз аввалин давраи моҳонаи худро надида будам. Ҳеҷ тасаввуроте аз зиндагии заношӯӣ ё робитаи ҷинсӣ надоштам. Падару модарам аз ман напурсиданд, ки оё издивоҷ кардан мехоҳам, ё на".
Нидо мегӯяд, хешовандони шавҳараш аз ӯ интизор доштанд, тамоми корҳои хонаро анҷом диҳад ва агар мувофиқи хости онҳо рӯбучин ё хӯрокпазӣ карда наметавонист, аз дасти шавҳар мушту лагад мехӯрд.
Нидо, ки нахост, номи воқеиашро ошкор кунем гуфт: "Маро бо тамоми усулҳои мумкин ранҷу азоб додаанд".
Пас аз се сол, падараш ба доди ӯ расид. Бо кӯмаки вай, Нидо аз тариқи додгоҳи шариатӣ хостори талоқ шуд ва ин раванд ду сол тӯл кашид.
Хулосаи гузоришро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Хомӯшӣ, яъне ризоят ба издивоҷ" ва ё қонуни нави талоқ дар ҳукумати Толибони Афғонистон
Издивоҷи кӯдакон дар Афғонистон ҳамеша як амри маъмул будааст, аммо гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки ин зуҳурот пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 бештар доман паҳн кардааст.
Рӯзи 14-уми май Толибон қонуни наверо дар бораи талоқ содир карданд, ки бори аввал ба таври ғайримустақим иҷозати издивоҷи кӯдаконро дар Афғонистон нишон додааст. Қонун, ки "Дар бораи ҷудоии қазоии ҳамсарон" ном дорад, шароити талоқро дар додгоҳҳо муайян мекунад.
Дар моддаи 5-уми ин қонун бо ишора ба издивоҷҳои хешутаборӣ омадааст: "Бо расидан ба синни балоғат, ноболиғ ҳақ дорад, аз ин издивоҷ даст кашад". То он замон, духтар ҳаққи талоқ хостанро надорад. Қонун ҳамчунин фармудааст, ки агар духтар бо расидан ба синни балоғат ба таври расмӣ ба издивоҷи худ эътироз накунад, хомӯшии ӯ ҳамчун ризоят маънидод мешавад. Ба гуфтаи табибон, синни маъмулии оғози балоғат дар духтарон байни 8 ва 13-солагӣ аст.
Уламои ислом дар мавриди синни балоғат дидгоҳҳои мухталиф доранд. Баъзе мактабҳои фиқҳӣ онро 15 ё 18-солагӣ медонанд, вале дар матнҳои пешин 9-солагиро ҳам замони балоғати духтар ҳисоб кардаанд.
Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон ин қонунро танқид карда, онро "қадами дигар дар роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқи занон ва духтарони афғон" хонд.
Ин идора бо нашри баёнияе гуфт: "Бо ихтисос додани як фасл ба ҷудоии духтароне, ки ба синни балоғат мерасанд ва издивоҷ кардаанд, ин фармон нишон медиҳад, ки ба издивоҷи кӯдакон иҷозат дода шудааст".
Мардон метавонанд, танҳо бо гуфтани калимаи арабии "талоқ", раванди ҷудоиро оғоз кунанд.
Қонун дар баробари воқеият
Дар қонун омадааст, духтаре, ки бо марди "номеҳрубон ё бадном" издивоҷ кардааст, ҳақ дорад, бо расидан ба синни балоғат аз тариқи додгоҳ аз ин издивоҷи нохоста даст бикашад.
Аммо агар шавҳараш аз талоқ додани ӯ худдорӣ кунад ва духтар натавонад, барои исботи даъвои худ шоҳидонро ба додгоҳ биёрад, қонун ба додгоҳ дастур медиҳад, ки гапи шавҳарро қабул кунад. Мақомоти Толибон ба дархости Радиои Озодӣ барои шарҳи ин мавзӯъ посух надоданд.
Фаъолони ҳуқуқи зан ва бисёре аз занони афғон, ки издивоҷи бармаҳалро таҷриба кардаанд, мегӯянд, агарчӣ қонунҳои шариат дар Афғонистон дар назария ба занон ҳаққи талоқро медиҳанд, аммо дар амал ин раванд кунд ва серхарҷ буда, моҳҳо ва ҳатто солҳо тӯл мекашад.
Занони Афғонистон борҳо алайҳи маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон эътироз кардаанд
Толибон, ки соли 2021 ба қудрат баргаштанд, иҷоза намедиҳанд, ки духтарон аз синфи шаш боло таҳсил кунанд, маҳдудиятҳои зиёдеро бар зиндагии занон, аз ҷумла дар бахши кор, сафар ва рафтуомад ба маконҳои умумӣ ҷорӣ кардаанд.
Дар Афғонистони муҳофизакор ва фақир, бисёриҳо бар ин боваранд, ки барои як духтар, як кӯдак рафтан ба додгоҳ ва розӣ кардани шоҳидон барои шаҳодат додан ба зидди шавҳараш қариб ғайриимкон аст. Талоқ як нанги иҷтимоӣ ба шумор меравад ва аксар вақт боиси бадномии якумраи зани талоқгирифта ва хонаводаи ӯ мегардад.
Гуноҳро ба гардани қашшоқӣ мезананд
Волидайн аксар вақт барои ба шавҳар додани духтарони хурдсоли худ қашшоқӣ, қарздорӣ ва ноамниро баҳонаҳои асосӣ меоранд.
Як сокини ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳирот, ки нахост номаш фош шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз он ки духтари 15-солаашро дар соли 2025 ба шавҳар дод, шабҳо аз "нигаронӣ ва азоби виҷдон" ранҷ мекашад.
Ин мард дар талоше барои дуруст хондани "қарори душвор"-и худ гуфт, ин ягона роҳи наҷоти духтар ва оилааш аз фишорҳои афзояндаи иҷтимоӣ ва молӣ буд.
Барои Санои кунун 38-сола, қонуни нав хотираҳои даврони кӯдакиашро зинда кард, кӯдакиеро, ки ба гуфтаи худаш, аз ӯ дуздиданд.
Сано гуфт, дар 13-солагӣ ятим монд ва бародари бузургаш, ки парастораш буд, ӯро маҷбур ба шавҳар дод.
Сано бо шарти нашр нашудани номи воқеиаш ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ман маҷбур шудам, ки аз зодгоҳам шаҳри Балх ба деҳаи шавҳарам дар вилояти Самангон кӯч бандам. Дар он ҷо маҷбур ҳам кори хона ва ҳам чорворо нигоҳубин мекардам".
Доғи иҷтимоӣ
Сано ва Нидо, ки ҳарду дар кӯдакӣ издивоҷ кардаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, издивоҷи бармаҳал ба тамоми паҳлӯҳои зиндагии онҳо, ҳатто солҳо пас аз ҷудоӣ тирагӣ афкандааст.
Сано гуфт, ки чанд бор тифлаш афтидааст. Ӯ орзуи мактаб рафтанро дошт, аммо ҳеч гоҳ иҷозат надоданд. Барои ҳамин пинҳонӣ китобҳои ҷиянашро мегирифту дарс мехонд.
Дар 18-солагӣ, яке аз амакҳояш ба ӯ кӯмак кард, то барои талоқ ариза диҳад. Як сол пас додгоҳ дархосташро қабул кард. Пас аз ҷудоӣ, Сано ба як барномаи омӯзиши низомии занон ва баъдан ба артиши Афғонистон пайваст.
Аммо доғи иҷтимоӣ аз номи ӯ пок нашуд.
Сано гуфт: "Дар чашми ҷомеа, ман як зани талоқшудае будам, ки дар артиш хидмат мекунад. Ин дар зеҳни мардум ба маънои зани бадахлоқ буд".
Вай бо интихоби маҳдуд, аввали соли 2021 зани дуввуми як марди калонсол шуд. Шаш моҳ пас, ҳукумати Афғонистон завол ёфт. Ӯ корашро аз даст дод ва комилан вобастаи шавҳари наваш шуд, ки ба гуфтаи Сано, намегузорад ҳатто барои табобат берун равад ва зуд-зуд талоқи гузаштаашро ба рӯяш мекашад.
Нидо низ пас аз гирифтани талоқ дубора ба мактаб баргашт, хатм кард ва кор ёфт. Орзу дошт, ки хонавода дошта бошад, аммо мегӯяд, ки "аксари мардони афғон намехоҳанд, бо зани талоқшуда издивоҷ кунанд".
Ӯ бо марди бекоре, ки чанд сол аз худаш калонтар буд, издивоҷ кард ва соҳиби се фарзанд шудааст. Аммо Нидо мегӯяд, азбаски "ҳеҷ ваҷҳи муштараке надоштанд" ин издивоҷаш ҳам бо талоқ анҷомид.
Нидо, ки ҳоло бо фарзандонаш дар Покистон паноҳанда аст ва барои пардохти пули зиндагиву иҷора фаррошӣ мекунад, гуфт: "Ман оғози даҳшатноке дар зиндагӣ доштам ва ҳеҷ гоҳ натавонистам онро дуруст кунам".
Сано гуфт: "Пеш аз Толибон, занон ақаллан метавонистанд, кор кунанд ва то андозае озодӣ доштанд. Аммо ҳоло он равзана баста шудааст ва танҳо як торикӣ мондааст.»