Мактабҳои Русия аз ҳафтаи оянда иттилоот дар бораи қабул ва ё ихроҷи фарзандони муҳоҷирони корӣ ва ҳам натиҷаҳои имтиҳони онҳо аз забони русиро ба вазорати умури дохилӣ месупоранд.
Дар ин бора Думаи давлатии Русия рӯзи 23-уми январ хабар дода гуфтааст, қонуне, ки вакилони мардумӣ дар ин бора тасвиб карданд, аз рӯзи 28-уми январ ҳукми иҷро мегирад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст: “Системаи табодули ҳамзамони иттилоот дар бораи фарзандони муҳоҷир ва хонаводаҳои муҳоҷирон байни муассисаҳо ва идораҳои маориф ва вазорати умури дохилӣ, назорату сабти хориҷиёнеро, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, босамар ва шаффофтар месозад.”
Ба гуфтаи ӯ, шеваи нави назорат, имкон медиҳад, ҳузури қонунии кӯдакону волидонашон дар Русия назорат ва риояти қонунҳо дар бораи муҳоҷират таъмин шавад.
Ҳангоми қабули ин қонун дар тобистони соли гузашта Михаил Матвеев, яке аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатӣ аз ҷумла бо ишора ба бачаҳои муҳоҷирон гуфта буд: "Шашсад ҳазор дар марказҳои тиҷоратӣ ва кӯчаҳои мо дайдугӣ мекунанд, галла-галла мегарданд, ба кӯдакону калонсолон ҳамла мекунанд, майдончаҳои бозии кӯдаконро террор мекунанд.”
Қонуну қоидаҳои наву маҳдудкунандаи кору иқомати муҳоҷирон дар Русия сабаб шудааст, ки ҳазорон хонаводаи тоҷик фарзандони худро барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд аз миёни беш аз 5 ҳазор кӯдаке, ки дар 9 моҳи соли 2025 аз мактабҳои кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, 70 дар садашон наврасоне ҳастанд, ки қаблан дар Русия таҳсил мекарданд.