Ин тарҳи қонун ҳамчунин масъулияти омӯзгоронро дақиқу мушаххас кардааст. Қонуни мазкур моҳи оянда баъди нашри расмии он мавриди иҷро қарор мегирад. Тарҳи қонуни нав бо дастури президент, Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Вай соли 2024 аз поин рафтани мақому нуфузи омӯзгорон нигаронӣ карда, барои тағйири вазъ амр дода буд, ки санади махсус таҳия шавад. Охири моҳи июл ҳукумат тарҳи қонунро маъқул дониста, барои баррасӣ ба порлумон ирсол карда буд.
Қабули қонун дар ҳолест, ки пайваста дар кишвар ҷанҷоли байни хонандаву омӯзгорон баҳбарангез мешавад. Аз сӯйи дигар ҳоло бисёре аз мактабҳои кишвар аз камбуди омӯзгорон азият мекашанд. Камбуди муаллимони илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимии кишвар чашмрас аст. Чанд моҳ пеш дар нишасти хабарии Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам гуфта шуда буд, ки ҳанӯз ҳам дар мактабу муассисаҳои таълимии кишвар тақрибан 4 ҳазор муаллим намерасад.
Соли 2022 худи мақомот эътироф карда буданд, ки як лашкари азиме аз омӯзгорони тоҷик ва ё тақрибан 15 ҳазор нафар аз онҳо, ки бояд фарзандони мардум дарсу дониш бидиҳанд, касби худро гузошта, ё паси кори дигар ва ё ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Артиш, замин ва хонаи иҷора. Имтиёзҳои ҳукумат ба омӯзгорони тоҷикБино ба гузоришҳо, дар қонуни нав аз ҷумла гуфта шудааст, ки омӯзгорон набояд ба фаъолияти ғайрикасбӣ, масалан, поккории қаламрави мактаб, корҳои кишоварзӣ ва ғайра ҷалб шаванд. Аз ҷумла дахолати дигарон ба раванди таълим мамнуъ мешавад ва ба навиштаи хабаргузории “Азия Плюс” ҳатто вазири маориф бидуни иҷозаи омӯзгор наметавонад ба синф ворид шавад.
Шикоят аз вазъи бади маорифи Тоҷикистон, музди кам дар соҳа, беқадрии муаллим, бадрафторӣ бо омӯзгор дар мактаб солҳо боз идома дошт. Айни замон музди миёнаи як муаллим дар Тоҷикистон бештар аз 1600 сомонӣ ва ё тақрибан 150 доллар аст, ки музди бисёр кам ба ҳисоб меравад. Бино ба иттилои расмӣ, дар мактабҳо бештар аз 130 ҳазор омӯзгор кор мекунанд ва аксарияти онҳо, яъне бештар 86 ҳазор нафари онҳо занон ҳастанд.
Яке аз ҷузъиёти тарҳи қонуни нав ин будааст, ки омӯзгорон набояд маҷбурӣ ба нашрияҳо обуна шаванд. Ин шабу рӯз дар мактабҳои Тоҷикистон аз омӯзгорон талаб доранд, зудтар пули обунаи нашрияҳои расмӣ-давлатиро супуранд.