Қоҳир Расулзода ва Содир Ҷабборов дар Бишкек аз чӣ гуфтанд? 

Қоҳир Расулзода, Одилбек Қосимов ва Содир Ҷабборов

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, ки кишвараш дар як ҳафтаи охир шоҳиди баъзе дигаргунӣ дар сохтори амниятӣ ва боздошту истеъфои чанд мансабдори баландпоя аст, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Дидору гуфтугӯйи онҳо рӯзи 13-уми феврал дар Бишкек гузашт. Ҷое, ки Расулзода барои ширкат дар Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст.

"Зарурати муттаҳид намудани талошҳо барои мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфта" аз ҷумлаи мавзъуҳои суҳбати ҷонибҳо будааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр марз дошта, барои таъйини хати он муддатҳо баҳсу задухӯрд доштанд. Танҳо дар солҳои 2021 ва 2022 аз ду ҷониб даҳҳо кас куштаву захмӣ ва даҳҳо хона сӯхтаву вайрон шудааст.

Ду кишвар моҳи марти соли 2025 созиши ба гуфтаашон таърихии ҳалли низоъро имзо карданд. Аз он ба баъд гузаргоҳҳои марзӣ боз ва додугирифт афзоиш ёфт.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Одилбек Қосималиев гуфтааст, соли гузашта Тоҷикистону Қирғизистон ба 36 миллион доллар додугирифт карданд, ки дар муқоиса ба соли 2024 қариб бисту чор маротиба бештар аст. Ду кишвар ният доранд, гардиши молро то 500 миллион доллар бирасонанд.