Қиссаи як маймуни "ятим" дар Ҷопон тамоми ҷаҳонро давр зад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видео дар инҷост

Саргузашти маймуни “ятим” аз боғи ҷонварони Ҷопон дили миллионҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро реш кард. Тифле, ки ӯро баъди таваллуд модараш партофтаву нигаҳбонҳояш бузург кардаанд, дар рӯзҳои аввали тамосаш бо ҳамқавмон гуё бори дуюм эҳсоси ятимӣ кард.

Саргузашти маймуни “ятим” аз боғи ҷонварони Ҷопон дили миллионҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро реш кард. Тифле, ки ӯро баъди таваллуд модараш партофтаву нигаҳбонҳояш бузург кардаанд, дар рӯзҳои аввали тамосаш бо ҳамқавмон гуё бори дуюм эҳсоси ятимӣ кард.

Моҳи июли соли 2025. Тамошобине дар боғи ҷонварони шаҳри Ичикаваи Ҷопон ба кормандон хабар дод, ки як навзоди макака (як навъи маймун) бемодару нигаҳбоне партофта шудааст.

Баъди аз кӯдакаш даст кашидани модар, Панчи навзод ба тарбияи кормандони боғи дигари ҷонварон дар шаҳри Токиои Ҷопон гузашт.

Кормандони боғ мегӯянд, маймун ё бӯзинаи ҷавон баъд аз таваллуди тифли аввалаш осеби равонӣ дида, аз кӯдакаш даст кашид. Ҳафт моҳ баъдаш маймуни навзод ба ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд.

Косуке Шикано, нигаҳбони ҷонварон, гуфт, “макакаҳои ҷопониро баъди таваллуд шуданашон модар бояд ба оғӯш гирад, то бадану мушакаш қувват гирад. Оғӯши модар ба онҳо ҳисси амният ҳам медиҳад.”

Нигаҳбонҳои Панч ба ӯ як бозича доданд, то модарашро иваз кунад. Косуке Шикано гуфт, “ин бозича пашми дароз дорад ва аз чандин ҷояш ба осонӣ доштан мумкин аст, аз ин рӯ, ба як маймуни табиӣ монанд аст. Мо ин бозичаро аз он хотир интихоб кардем, ки фикр кардем ба Панч барои дар оянда ҳамоиш ёфтанаш ба қавми худ ёрӣ мерасонад.”

Ҳамарӯза тамошобинони зиёд ба боғи ҷонварон танҳо барои дидани Панч меоянд. Мию Игарашу, яке аз боздидкунандагони боғи ҷонварон, гуфт, “дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидам, ки Панч баъди ятим шуданаш ҳамоно дар талош аст ва дилам реш шуд. Имрӯз фурсат шуд, ки бо дӯстам вохӯрем, гуфтам, биё, ба дидани Панч меравем”.

Шикано мегӯяд, бо гузашти вақт Панч ба ҷомеаи макакаҳои ҳамқавмаш ҳамоиш меёбаду аллакай як дӯст ҳам пайдо кардааст, ки ӯро ба оғӯш мекашад, оғӯши гарму самимӣ.