Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноии он кишвар имзо кард, ки хидматрасонии шаҳвониро тавассути Интернет ҷиноят эълом мекунад.
Дар маъмурияти президенти Қирғизистон гуфтанд, санад барои ғайриқонунӣ эълом кардани ташкил, тарғиб ва машғул шудан ба танфурӯшӣ тавассути Интернет қабул шудааст.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳоро порлумони Қирғизистон дар охирҳои моҳи июни имсол қабул карда буд. Муаллифони тарҳ ҳангоми баррасии он дар порлумон гуфтанд, барои хидматрасонии шаҳвонии онлайнӣ аз 100 то 200 ҳазор сом ҷарима ё то 3 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Пештар Қазоқистон ҳам қонунеро қабул кард, ки барои пешниҳоди хидматрасонии дорои хусусияти шаҳвонӣ бо истифода аз шабакаҳои мухобиротӣ, бахусус Интернет ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.