Қирғизистон аз Русия хостааст, як шаҳрвандашро ба ҷанг набарад

Боястан Қуштарбек мегӯяд, бародарашро бо фиреб ба ҷанг бурданӣ ҳастанд

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо ирсоли нота ё ёддошти расмӣ аз ҳукумати Русия хостааст, як шаҳрванди кишварро, ки дар яке аз қисмҳои низомии Русия аст, ба ватанаш баргардонад.

Бино ба гузориши бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ, сухан дар бораи Элистон Токтогулови 21-сола меравад, ки гуё аз роҳи фиреб ӯро ба артиши Русия бурдаанд.

Хешовандони ҷавон рӯзи 3-юми ноябр бо нашри як видео гуфтанд, ки мақомоти Русия Элистонро маҷбур кардаанд, бо Вазорати дифоъ қарордод бандад. Сипас ӯро барои тамрин ба шаҳри Воронеж бурдаанд, то ба ҷанги Украина фиристанд.

Боястан Қуштарбек, бародари ҷавон дар видео мегӯяд, Элистон дар Инстаграм ҷойи кор меҷуст ва дар онҷо бо як қирғизистонии муқими Русия ошно шудааст. Ба ӯ коре бо музди то 110 000 рубл пешниҳод карда, билети Маскавро ҳам харидаанд. Ҳангоми иқомат дар меҳмонхона шабона афроди дигаре омада, ӯро бурда ва латукӯб кардаанд.

Ба гуфтаи бародараш, азбаски Элистон забони русиро намедонист, санадеро имзо кардааст ва ӯро баъди ин ба тамрингоҳи Воронеж бурдаанд. Дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтаанд, сафорати кишвар дар Маскав ба мақомоти Русия нома фиристода ва хостааст, қазияро тафтиш кунанд ва афродеро, ки ин дар ин амал даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашанд.

Маълум нест, чӣ қадар аз шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷанги Украина ширкат мекунанд, аммо бино ба иттилои як пойгоҳи интернетии давлатии Украина бо номи "Зистан мехоҳам", то кунун ширкати бештар аз 2200 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷанги Украина собит шудааст.

Дар умум ба иттилои пойгоҳ, Русия бештар аз 20 400 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистонро ба ҷанги Русия ҷалб кардааст.

Бар асоси гуфтаи масъулони пойгоҳи “Зистан мехоҳам”, аз соли 2022 то кунун ҷалби зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба артиши Русия барои ширкат дар ҷанги Украина маълум шудааст.