Қатли ду нафар дар Исфара. Оқибати ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина?

Ойбек Отабеков ва Фирдавсҷон Савриддинов.

Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Исфара як нафарро бо гумони қатли ду сарроф дастгир кардаанд, ки пас аз ширкат дар ҷанги Русия дар Украина чанде пеш ба Тоҷикистон баргаштааст. Ҷинояте, ки мардуми ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистонро ба ваҳшат овардааст, рӯзи 10-уми октябр сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва афроди огоҳ аз ҳодиса, ки бинобар дастури мақомоти интизомӣ аз бурдани номаш худдорӣ карданд, гумонбар ба ҷиноят бо ҳадафи ғасби 60 000 доллар, Ойбек Отабеков, сокини деҳаи Кӯлқанд ва Фирдавсҷон Савриддинов, зодаи маҳаллаи 14-солагии истиқлолияти деҳаи Навгилем дар ноҳияи Исфараро бо ин баҳона, ки пули зиёд барои иваз кардан дорад, ба хонаи худ даъват кардааст.

Сипас якеро бо тири туфанг ва дигариро нафасгир карда кушта, ҷасадҳои ҳардуро дар ҳавлиаш зери хок кардааст. Ному насаби гумонбар ба Радиои Озодӣ маълум нест, вале як акси ӯ, ки зоҳиран дар яке аз идораҳои мақомоти милиса гирифтаанд, ба дасти Радиои Озодӣ расид ва аз он фард гумонбар ба ҷиноят ном бурдаанд. Яке аз шоҳидони айнӣ, ки гумонбар ба ҷиноятро дидааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ ҳамин фардро бо иттиҳоми қатл дастгир карда ба боздоштгоҳ бурдаанд. Азбаски хонаводаҳо ва рафиқони ду нафар аз бепосух мондани зангҳояшон нигарон шудаанд, ба мақомоти милиса хабар додаанд. Ҷиноят шаби ҳамон рӯз ошкор шудааст.

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, гумонбар ба ҷиноят, ки чанд кӯча дуртар аз хонаи яке аз мақтулон зиндагӣ мекунад, аз қабл дар саҳни ҳавлии худ барои қурбониён гӯр кандааст. Айни замон дар гурӯҳҳои ноҳияи Исфара дар Вотсапп хабар дар бораи дафни ҳарду қурбонӣ нашр шудааст. Дар паёмҳое, ки дар ин гурӯҳҳо нашр шудаанд, наздикону рафиқони ду нафар мардумро ба маросими дафн даъват кардаанд, ки яке дар оромгоҳи “Қаландархона” ва дигарӣ дар оромгоҳи “Шаҳидон” дар ноҳияи Исфара сурат гирифтааст. Фирдавсҷон Садриддинов 40-сола ва падари чаҳор фарзанд будааст. Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қурбониёни ҷиноятро дафн кардаанд.

Ширкаткунандаи ҷанги Русия дар Украина будани гумонбар ин нигарониҳоро дар бораи вазъи рӯҳии ингуна афрод ба миён овардааст, ки хунрезиро дидаанд ва дар Русия баъди бозгашт аз ҷанг ҷиноятҳои ваҳшатангез кардаанд.

Абдуманнон Шералиев

Абдуманон Шералиев, таҳлилгари тоҷик, ки ҳузури тоҷикон дар ҷанги Украинаро таҳқиқ мекунад, дар паёми видеоие ба Радиои Озодӣ гуфт, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки собиқаи ҷанг дар Украинаро доранд, дар оянда барои кишвар мушкилоти ҷиддие меофаранд.

“Масъала ин ҷост, ки сарбози муздур аз як сарбози оддӣ, ки ҳатто ҷанг дида ҳам бошанд, масалан дар кишвар ҷанг шуд рафт, ихтиёрона ё иҷборан ба ҷанг рафт ва ҷанг кард ва баргашт, фарқ мекунад. Чунки сарбози муздур онест, ки ба хотири гирифтани даромад барои дарёфти пули калон ба ҷанг рафтааст, яъне барои куштани инсон ва ӯ дар ин ҷанг на танҳо истифодаи силоҳу қатли одам омӯхтааст, балки як воқеияти дигар дар зеҳна барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд, ки бо куштани инсон бо иштирок дар ҷанг, бо қатли як нафар мешавад, даромади хуб гирифт. “

Абдуманнон Шералиев, ки рӯзи 11-уми октябр, як таҳлилеро дар ин бора дар Фейсбук нашр кардааст, ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки дар ҷанги Украина ширкат кардаанд, метавонанд, ҳамчун як абзори нооромӣ дар Тоҷикистон истифода шаванд.

Абдуманнон Шералиев: “Ҳар қудрат ё неруе, ки хост, дар Тоҷикистон фарз кардем, табаддулот анҷом диҳад, ё ки нооромӣ барангезад, метавонад аз ин гурӯҳ ба осонӣ истифода барад. Чунки як гурӯҳи мағзшуста ҳастанд ва дубора шустани мағзи онҳо, бахусус вақте дар ин мағзшӯӣ аз пул истифода мешавад, бисёр осон аст. Ва метавонанд бо ин роҳ аз онҳо истифода кунанд ва мушкилоти зиёде барои давлат ба бор оранд, чунки инҳо нафароне ҳастанд, ки аз силоҳҳои охирин ҷанг истифода карданд ва он истифодаи онро медонанд, силоҳҳои ки ҳӯнуз дар донишгоҳҳои низомӣ ҳатто дарс дода намешавад, дар машқҳо истифода бурда намешавад ва онҳо ҳатто пешрафтатар аз артишҳо ва аз ниҳодҳои қудратии кишварҳо ҳастанд. Бинобар ин мушкилӣ зиёд метавонанд барои давлат эҷод кунанд.”

Омори расмӣ дар бораи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Русия дар Украина маълум нест, вале дар ин панҷ, ки тақрибан 5 сол аз он мегузаранд, хабари асир афтодан, кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Расонаҳои давлатии Украина номи зиёда аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардаанд, ки дар ин ҷанг ширкат карда, бархе кушта ё нопадид гаштаанд.

Бо вуҷуди онки дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ на камтар аз 12 соли зиндонро ҷазо муқаррар шудааст, то ҳол ҳеҷ касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд.