Эрон аз Қатар хостааст се халабони эрониро озод кунад, ки ба гуфтаи Теҳрон, пас аз сарнагунии ҳавопаймоҳояшон дар моҳи марти имсол, аз сӯи нерӯҳои қатарӣ боздошт шудаанд.
Яке аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфтааст, ки ин се халабон, Ҷавод Солеҳӣ, Абдулмаҷид Даштиён ва Имрон Беҳрушиён ном доранд ва ҳудуди шаш моҳ мешавад, ки дар боздошти Қатар ба сар мебаранд.
Аммо Қатар ин иддаоро ба шиддат рад карда ва гуфтааст, ки ҳеч халабони эрониро боздошт накардааст.
Моҷид Ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар гуфтааст, пас аз вуруди ҷангандаҳои эронӣ ба ҳарими ҳавоии он кишвар ва тасдиқи масири ҳамла, бо онҳо тамос барқарор шуд, аммо пас аз онки ба талошҳо барои барқарории иртибот посух надоданд, Қатар бар асоси қоидаҳои даргирӣ, "иқдомоти лозим барои дифоъ аз қаламрави худ" анҷом дод.
Мақомҳои қатарӣ мегӯянд, нерӯҳои наҷоти ин кишвар танҳо ҷасади як халабонро пайдо кардаанд ва Эрон то кунун ба даъвати Қатар барои баррасии амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот посух надодааст.
Ин халабонҳои ҷангандаи "СУ 24" дар рӯзҳои аввали ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, ба пойгоҳи амрикоии "Ал-Удайд" дар Қатар ҳамла карданд. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ин пойгоҳ дар ҳафтаи аввали ҷанг дар моҳи март, чанд бор ҳадафи ҳамлаҳои мушакии Эрон қарор гирифт.