Қарори ҳабси президенти барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ содир шуд

Юн Сок Ёл, президенти барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ

Додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ қарори ҳабси Юн Сок Ёл, президенти барканоршудаи ин кишварро содир кард.

Додгоҳ президенти собиқро барои эълони вазъи фавқуллода ва омодагӣ ба ошуб гумонбар медонад.

Аз ин пеш, рӯзи 15-уми январ кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод ӯро боздошт карда буданд.

Чанд рӯз қабл мақомот кӯшиш карданд, ки ӯро боздошт кунанд, аммо бо муқовимати маъмурони амниятии раёсати ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ гаштанд.

Вакилони мудофеи Юн Сок Ёл гуфтаанд, талоши боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст ва ҳадаф аз он таҳқири вай дар ҷомеа мебошад.

Иқдоми Юн Сок Ёл дар эълони вазъияти ҳукумати низомӣ дар оғози декабри соли 2024 мардуми Кореяи Ҷанубиро дар ҳолати шок ва ин кишварро дар рӯбарӯи як буҳрон қарор дод.

Рӯзи 3-юми декабр Юн эълон кард, ки, ба гуфтааш, “ба хотири мубориза бо ҷонибдорони дохилии Кореяи Шимолӣ” дар кишвараш ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад.

Қароре, ки шаш соат умр дид, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили эътирозҳо, корпартоиро манъ карда, дар кишвар сензура ва кори додгоҳҳои низомиро фаъол мекард, ки ҳаққи содир кардани ҳукмҳои маргро доранд.

Порлумони ин кишвар рӯзи 14-уми декабр аз тарҳи нобоварӣ ё импичменти президент пуштибонӣ кард ва фаъолияти ӯро боздошт.