Барканории Қамчибек Тошиев ва се муовинаш

Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамзамон муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон, ки номаш дар пайванд ба баҳсҳои марзӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст, аз мақом барканор карда шудааст.

Фармонро дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал имзо кард.

Сухангӯйи Ҷабборов аз номи ӯ навишт, “ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа (ҷудоӣ) нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад.”

Се муовини Қамчибек Тошиев дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз вазифа сабукдӯш шуда, ба ҷойи онҳо афроди нав таъйин гаштаанд.

Манобеи наздик ба Тошиев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз кор ронда шудани ӯро "комилан ғайричашмдошт" номида, гуфтанд, вай ин хабарро замоне шунид, ки машғули табобат буд.

Дар яке аз сафоратҳои Қирғизистон дар Аврупо рӯзи даҳуми феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, Қамчибек Тошиев дар шаҳри Мюнхени Олмон табобат мегирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тошиев ва се муовинашро аз мансаб барканор кардаанд

Қамчибек Тошиеви 57-сола, ки аз ҳампаймонҳои раисҷумҳури Қирғизистон буд, пас аз рӯйдодҳои октябри соли 2020 дар Қирғизистон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар таъйин шуда, ба гуфтаи худаш, муборизаро алайҳи фасоди молӣ ва ҷинояткории созмонёфта эълон кард.

Дар аҳди раёсати ӯ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чанде аз чеҳраҳои шинохтаи олами ҷиноӣ дар Қирғизистон дастгиру кушта ва молу амволашон ба фоидаи давлат мусодира шуд. Ҳамзамон бо ин, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони мухолифу расонаҳои озод низ афзоиш ёфт.

Қамчибек Тошиев дар ҳалли баҳси сарҳадӣ бо Тоҷикистон, ки солҳои охир шоҳиди задухӯрд ва кушта шудани даҳҳо нафар аз ду тараф буд ва соли 2025 бо созиши марзӣ поён ёфт, ҳайати кишварашро роҳбарӣ мекард.