Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон пас аз намози Иди Фитр аз мардум узр пурсид. Қамчибек Тошиев ҳамзамон изҳор дошт, ки нисбат ба ӯ “овоза” ва “дурӯғ” паҳн гаштааст.
“Аз ҳар мусалмоне, ки ӯро ранҷондам ё муносибати нодуруст кардам, узр мехоҳам. Ва ҳар касеро, ки овозаву дурӯғ паҳн кард, бахшидам. Бигзор онҳо дигар сухани бад нагӯянд, маълумоти бад паҳн накунанд,” – гуфт ӯ, вале аз ягон кас ном нагирифт.
Тошиев рӯзи 19-уми март аз хориҷа ба Қирғизистон баргашт.
Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ӯро дар робита ба моҷарои фасод дар “Қирғизнефтегаз” ва “муроҷиати 75 нафар” бозпурсӣ кардаанд.
Пештар мақомоти Қирғизистон аз таҳқиқи фасод дар “Қирғизнефтегаз” хабар дода буданд, ки дар натиҷаи он, тибқи фарзияи расмӣ, ба давлат беш аз 34 миллион доллар зиён расидааст.
Қамчибек Тошиев моҳи феврали имсол, дар ҳоле ки дар Олмон қарор дошт, бо фармони раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов аз мансаб ронда шуд. Худаш фармони барканориро ногаҳонӣ номид.
Пас аз он чанде аз ҳамсафонаш аз вазифаҳо барканор ва баъзе шахсони наздик ба ӯ боздошт шуданд.