Дар бозии ифтитоҳии мусобиқот ду дастаи гурӯҳи А – Олмон ва Шотландия вориди рақобат шуданд. Бозӣ 14-уми июн дар варзишгоҳи «Алянс-Арена»-и шаҳри Мюнхен барпо гардид. Мунтахаби Олмон бо ҳисоби бузурги 5:1 тими Шотландияро шикаст дод. Голҳоро Флориан Виртс, Ҷамол Мусиола, Кай Хавертс (аз пеналти), Никлас Фюллкруг ва Эмре Ҷан ба самар расониданд.
Ҳимоятгари тими Олмон Антонио Рюдигер дар охири бозӣ тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Шотландиҳо аз дақиқаи 44-ум як нафар кам буданд. Ҳимоятгар Райан Портеус, ки муқобили Илкае Гюндогане дағалона бозӣ кард, корти сурх гирифт.
ҚАҲРАМОНИИ АВРУПО-2024
Гурӯҳи A, даври якум:
Олмон – Шотландия – 5:1 (3:0)
Голҳо: Виртс, 10. Мусиола, 19. Хавертс, 45 (аз пеналти). Фюллкруг, 68. Ҷан, 90. — Рюдигер, 87 (ба дарвозаи худ).
Аз майдон хориҷ шуд: Портеус, 44 (Шотландия).
Сардовар - Клеман Тюрпен (Фаронса).
14 июн. Мюнхен. Варзишгоҳи «Алянс Арена».
Дар зимн, қаҳрамони феълии Аврупо тими миллии Италия мебошад, ки дар бозии ниҳоӣ 11-уми июли соли 2021 дар варзишгоҳи "Уэмбли"-и Лондон мунтахаби Англияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дод.
ТАРКИБИ ГУРӮҲҲО ДАР ҚАҲРАМОНИИ АВРУПО-2024:
Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия, Швейтсария.
Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.
Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.
Гурӯҳи D: Полша, Нидерланд, Австрия, Фаронса.
Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.
Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.
Тақвими бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2024 (бо вақти Душанбе):
Даври якум
14 июн, ҷумъа:
Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1
15 июн, шанбе:
Гурӯҳи A, 18:00, Венгрия - Швейтсария
Гурӯҳи B, 21:00, Испания - Хорватия
Гурӯҳи B, 00:00, Италия - Албания
16 июн, якшанбе:
Гурӯҳи D, 18:00, Полша - Нидерланд
Гурӯҳи C, 21:00, Словения - Дания
Гурӯҳи С, 00:00, Сербия - Англия
17 июн, душанбе:
Гурӯҳи E, 18:00, Руминия - Украина
Гурӯҳи E, 21:00, Белгия - Словакия
Гурӯҳи D, 00:00, Австрия - Фаронса
18 июн, сешанбе:
Гурӯҳи F, 21:00, Туркия - Гурҷистон
Гурӯҳи F, 00:00, Португалия – Чехия