Қаҳрамонҳои нави гуштигирии Тоҷикистон муайян шуданд

Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштигирӣ, ки рӯзҳои 10-11-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид, варзишгарон (мардону занон) аз манотиқи мухталифи кишвар иштирок карданд.

Мусобиқа аз рӯи 10 вазн (7 вазн байни мардон ва 3 вазн миёни занон) сурат гирифт.

Дар сабқати мардон дар вазни то 60 кило Раҳмиддин Азизов дар финал ба Ҳақдод Гулов дастболо шуд. Сарвар Абдушукуров дар финали вазни то 65 кило дар финал ба Ёсин Бобокалонов ғалаба кард.

Абдуллои Ориф дар финали вазни то 71 кило Шеравлиё Исоқовро шикаст дод. Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар финали вазни то 78 кило Субҳиддин Халилзодаро мағлуб намуд.

Ҳақназар Назаров дар финали вазни то 86 кило бар Беҳрӯз Имомов ғолиб омад. Муҳаммадиқбол Тошов дар финали вазни то 95 кило Туйчибек Шариповро ноком кард. Шарифҷон Назриев дар финали вазни беш аз 95 кило бар Хуршед Маҷидов дастболо шуд.

Миёни бонувон дар финали вазни то 57 кило Аҳлия Муъминова ғолиб омад. Вай дар финал Насиба Карликоваро шикаст дод. Ҷонона Назарова дар финали вазни то 63 кило Қурбонгул Ҳалимоваро ноком кард. Шоҳида Қаландарова дар финали вазни то 70 кило Гулафзо Гуловаро шикаст дод.

Ба ғолибону ҷоизадорон дар ҳар як вазн мувофиқи ҷойҳои соҳиб шудаашон диплому медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштингирӣ» мақоми байналмилалӣ дода шуд.

Варзишгарони тоҷик дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ, ки моҳи августи соли 2024 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардид, 11 медал (5 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳисоби медалҳо мақоми аввалро касб карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии гуштигирии Тоҷикистон байни бузургсолон дар соли 2026

Мардон

Вазни -60 кг

1. Раҳмиддин Азизов

2. Ҳақдод Гулов

3. Сайнабии Сайвализода

3. Нурулло Аҳмадов

Вазни -65 кг

1. Сарвар Абдушукуров

2. Ёсин Бобокалонов

3. Муҳаммад Салимов

3. Муслимбек Каримов

Вазни -71 кг

1. Абдуллои Ориф

2. Шеравлиё Исоқов

3. Рамазон Лифаев

3. Меҳровар Чақалов

Вазни -78 кг

1. Маҳмадшариф Наҷмиддинов

2. Субҳиддин Халилзода

3. Наврӯз Каримзод

3. Қоим Шукронов

Вазни -86 кг

  • Хақназар Назаров
  • Беҳрӯз Эмомов
  • Некрӯз Ҳасанов
  1. Алишер Саидов

Вазни -95 кг

1. Муҳаммадиқбол Тошов

2. Туйчибек Шарипов

3. Исроил Раҳимов

3. Акмал Муродов

Вазни +95 кг

1. Шарифҷон Назриев

2. Хуршед Маҷидов

3. Шакармамад Мирмамадов

3. Дадахон Қурбоналиев

Занон

Вазни -57 кг

1. Аҳлия Муъминова

2. Насиба Карликова

3. Рӯзигули Ҳасан

3. Рӯзафзун Бекназарова

Вазни -63 кг

1. Ҷонона Назарова

2. Қурбонгул Ҳалимова

3. Камила Мамадназарова

Вазни -70 кг

1.Шоҳида Қаландарова

2. Гулафзо Гулова

3. Меҳронаи Манучеҳр

3. Моҳира Сафарова