Қабули таҳримҳои нав алайҳи Русия ва Эрон дар Сенати Амрико

Қонун ба номи Линдси Грэм, сенатори ҷумҳурихоҳ гузошта шудааст

Сенат, палатаи болоии ИМА бо аксарияти оро тарҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои навро алайҳи Русия тасвиб кард. Ин қонун ҳамчунин ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп салоҳият медиҳад, ки ба кишварҳои харидори нави Русия то сад дарсад боҷ ҷорӣ кунад.

Ба тарафдорӣ аз ин тарҳ 86 узви Сенат раъй дода, 11 кас мухолифи он баромаданд. Санад "Қонуни таҳримҳои Русия ва Эрон ба номи Линдси О. Грэм дар соли 2026" ном дорад ва акнун барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол мешавад.

Линдси Грэм, сенатори ҷумҳурихоҳ буд, ки аз ҷонибдорони сарсахти Украина дар Конгресс буд, моҳи июли имсол даргузашт. Ин қонун беш аз як сол боз ба далели мухолифатҳои қаблии Доналд Трамп ба таъхир афтода буд.

Санад бар иловаи таҳрими мақомҳо ва бахшҳои иқтисодии Русия, имкони ҷорӣ кардани боҷҳои сангин ба молҳои воридотӣ аз кишварҳое ба мисли Чин, Ҳинд ва бархе кишварҳои аврупоиро фароҳам мекунад, ки ҳамчунон аз харидорони аслии энержии Русия мебошанд. Ҳадаф коҳиш додани даромадҳои нафтии Маскав аст, ки барои таъмини хароҷоти ҷанги Украина истифода мешавад.

Тарҳ ҳамчунин таҳримҳои марбут ба бахшҳои энержӣ ва низомии Эронро густариш медиҳад.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки Маҷлиси намояндагон то куҷо аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунад. Бархе аз демократҳо ва ҷумҳурихоҳон аз додани салоҳиятҳои густурда ба раиси ҷумҳур нигаронанд. Онҳо мегӯянд, чунин иқдом метавонад арзиши воридот ва нархи маҳсулотро боло барад.

Сафорати Украина дар Вашингтон аз тасвиби ин тарҳ истиқбол карда ва онро иқдоми "саривақтӣ ва муҳим" барои афзоиши фишор бар Русия хондааст. Ҳомиёни тарҳ умедворанд, ки Маҷлиси намояндагон пас аз поёни таътили тобистона ин тарҳро баррасӣ кунад.