Овоздиҳӣ рӯзи 24-уми феврал гузашт. Даҳ кишвари узви Шӯрои амният аз қатънома ҷонибдорӣ, вале Фаронса, Бритониё, Дания, Юнон ва Словения аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.
Дар иваз Маҷмаи кулли Созмони Милал ду қатъномаро тасвиб кард. Яке аз ҷониби Аврупову Украина ва дигаре аз тарафи Иёлоти Муттаҳида пешниҳод шуда, ба он ҳимояти лафзии Аврупо аз Киев илова гардид.
Қатъномаҳои Маҷмаи кул дар муқоиса бо Шӯрои амният хусусияти ҳатмӣ надоранд, вале мавзеъгириро ба ҷанг хуб намоиш медиҳанд.
Мариана Бетса, муовини вазири корҳои хориҷии Украина пеш аз овоздиҳӣ гуфт, кишвараш на танҳо барои ҳифзи истиқлол меҷангад.
Ӯ афзуд: “Ҷанг фақат марбут ба Украина нест. Манзур ҳуқуқи бунёдии ҳар кишвар барои будан ва интихоби роҳи худ барои зиндагии бидуни таҷовуз аст.”
Русия дар аввал талош кард, ба матни Амрико ишорае дар бораи “решаҳои низоъ” дохил кунад, аммо он қабул нашуд ва дар ниҳоят аз ин қатънома ҷонибдорӣ кард. Аз ин пеш талоши Аврупоро барои пуштибонии лафзии Аврупо аз Украина вето намуд.
Баъди овоздиҳӣ дар Шӯрои амният, иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар СММ Дороти Ши гуфт, қатънома роҳро ба сулҳ боз мекунад.
Ӯ афзуд, "ин қадами муҳиме буд, ки гузошта шуд ва акнун мо бояд онро барои бунёди ояндаи Украина, Русия ва ҷомеаи байнулмилалӣ ба кор барем”.
Вале ҳоло нигароние дар Украина ва Аврупо вуҷуд дорад, ки дар ҷараёни музокираҳо бо Русия ин ду ҷониб метавонанд аз тарафи Доналд Трамп канор зада шаванд.