Дар Литва, ки ҳоло яке аз мизбонҳои асосии аврупоии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст, қабули ариза барои кор ва вуруд ба ин кишварро қатъ кардаанд.
Индре Гаспере, раиси Идораи Муҳоҷирати Литва, рӯзи 22-юми сентябр дар як ҷаласаи ҷиноҳи Ҳизби либералӣ дар порлумони кишвараш гуфт, сабаби ин тасмим зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар қаламрави Литва аст.
“Дар воқеъ, солҳои охир теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ зиёд шудааст. Шумораҳо афзоиш ёфтанд, вале ҳоло фаъолияти марказҳои раводиди мо дар ин кишварҳо боздошта шудааст, чун аризаҳо барои кор бисёр зиёд расидааст,” – афзуд ӯ.
Хадамоти муҳоҷирати Литва соли 2025 эълон кард, ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон шартҳои қонунии будубош ва корро дар Литва вайрон карда, мутобиқ ба қарордоди кор амал намекунанд. Дар пайи ин нигаронӣ, Вазорати корҳои дохилии Литва гуфт, маркази додани раводиди ин кишвар дар шаҳри Душанберо мебандад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Пуламро гирифтанд." Афзоиши фиреби тоҷикони муштоқи кор дар АврупоМуллоидии Мирзоолимзода, тоҷики муқими Литва, гуфт, квота ё саҳмия барои ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба ин кишвари аврупоӣ ба поён расидааст. “То охири имсол муҳоҷирони корӣ ҳаққи вуруд надоранд. Ба назарам, ин раванд аз аввали соли 2027 дубора оғоз хоҳад шуд,” – афзуд ӯ.
Бар пояи омори Идораи муҳоҷирати Литва ҳоло дар ин кишвар тақрибан 230 ҳазор хориҷӣ кору иқомат мекунанд ва дар ин миён 7 ҳазору 400 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Бисёре аз онҳо ба ронандагӣ ё кор дар сохтмонҳову корхонаҳои истеҳсолӣ машғуланд.
Теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Литва кор мекунанд, ба сабаби ихроҷ аз Русия ва бадрафторӣ бо онҳо дар ин кишвар рӯ ба Литва овардаанд.
Шумораи муҳоҷирони узбекистонӣ дар Литва аз 13 ҳазор нафар бештар аст ва бақия аз Украинаву Беларус ва Русияву Ҳинд будаанд.