Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар маросими шурӯи сохтмони нахустин коргоҳи атомӣ иштирок карданд. Ин тарҳ бо арзиши 20 миллиард доллар дар соҳилҳои ҷанубии баҳри Миёназамин дар Мерсини Туркия ҷойгир аст.
Дар низоъҳои Сурия, Русия ва Туркия ҷонибҳои бо ҳам мухолифро пуштибонӣ мекунанд
Путин рӯзи 3-юми апрел вориди Анкара шуд ва шоми он рӯз тавассути як видеоконфронс дар кохи президенти Туркия ҷараёни бунёди корхонаи атомиро ифтитоҳ карданд.
Телевизиони давлатии Туркия TRT одамонеро дар макони бунёди коргоҳ ба намоиш гузошт, ки ҷараёни бунёди корхонаи атомиро бо оташафрӯзакҳо истиқбол карданд. Чанд соли пеш дар наздикиҳои коргоҳ бунёди роҳ шурӯъ шуда буд.
Анкара ба Росатом – ширкати энержии атомии Русия муҷаввизи сохтмони корхонаро додааст. Корхонаи ҳастаии “Аккую” аз чаҳор энегроблок ё бахш иборат мешавад ва он дар фосилаи як километр аз баҳри Миёназамин ҷойгир аст. Туркия интизор дорад, ки ин корхона соли 2023 ба кор медарояд.
Туркия нахустин сафари хориҷии Путин баъди пирӯзии охираш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия аст, ки моҳи марти имсол баргузор шуд. Дар ҷаласаи ду президент, қарор аст, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба, ҷузъиёти харидории системаи дифои ҳавоии мушакӣ аз Русия ва ҳам вазъи Сурия баррасӣ шавад.
Рӯзи 4-уми апрел раҳбарони Туркия ва Русия қарор аст дар Анкара дар мулоқоти сеҷониба бо ширкати президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ иштирок кунанд. Дар ин ҷаласа ҷанги ҳафтсолаи Сурия баррасӣ мешавад, ки ҳар се кишвар дар ин низоъ амиқан дахил ҳастанд.
Баъди онки моҳи ноябри соли 2015 Туркия як ҳавопаймои низомии Русияро дар наздикиҳои марзи Сурия суқут дод, равобити ду кишвар бад шуд, вале баъди он муносибати ду ҷониб беҳбуд ёфт ва ҳарду кишвар ҳам бо Ғарб муносибатҳои худро бад карданд.
Туркияву Русия, инчунин, тарҳи муштараки лӯлаи газро бунёд мекунанд, ки 12 миллиард доллар арзиш дошта, интиқоли гази русӣ ба Туркияро дар назар мегирад.
Анкара бо Русия барои харидории системаи дифои мушакии S-400 музокира мебарад, ки боис ба нигаронии муттафиқонаш дар НАТО шудааст. Амрико кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Туркияро ҳушдор додааст, ки дар сурати табодули низомӣ бо Русия метавонанд мавриди таҳрим қарор гиранд.
Дар низоъҳои Сурия, Русия ва Туркия ҷонибҳои бо ҳам мухолифро пуштибонӣ мекунанд, вале ин ду кишвар ва ҳам Эрон дар заминаи эҷоди минтақаи амн ба хотири коҳиши низоъҳо кор мекунанд. Чанд музокироти байни ин ҷонибҳо то ҳол дар Остонаи Қазоқистон ҳам баргузор шуд.
Русияву Эрон ба президенти Сурия Башор Асад ва ҳукумати ӯ дар ҷангҳои охир пуштибонӣ нишон дода, дар саркӯби мухолифонаш кумак кардаанд. Дар ин ҷангҳо ҳазорҳо нафар кушта шуданд.
Туркия ҷангиёни мухолифи ҳукумати Асадро пуштибонӣ мекунад, ки дар фикри сарнагунии режими Димишқ мебошанд.