Путин дар бораи қатли Қобилҷон чӣ гуфт?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, баъд аз сукути якҳафтаина дар мавриди қатли Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскав, гап зад. Ӯ кордзании навраси русро ба тифли тоҷик ҳамлаи террористӣ номид, вале чизе дар бораи сабабҳои ҷиноят нагуфт.