Путин рӯзи 5 июн гуфт, то вақте, ки бар сари чорчӯби як созиши эҳтимолии сулҳ тавофуқе ба даст наояд, дар чунин дидор "ҳеч фоидае"-ро намебинад. Ӯ афзуд, ҷанг танҳо замоне поён хоҳад ёфт, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.
Маскав хостори назорат бар минтақаи Донбас дар шарқи Украина ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои густурдаи сиёсӣ ва низомӣ бар Киев аст. Шарте, ки Украина ва муттаҳидонаш онро амалан ҳамчун таслим шудан меҳисобанд.
Зеленский як рӯз пештар аз Путин хоста буд, барои поён додан ба ҷанги чаҳорсолаи Русия алайҳи Украина, таърихи дақиқе барои мулоқоти рӯ дар рӯ таъйин кунад.
Путин гуфт, ки номаи Зеленскийро "густохона" медонад ва ин равиш, "роҳи муносибе барои тартиб додани як мулоқоти ҳузурӣ нест".
Владимир Зеленский пас аз радди ин дархост аз сӯи Путин гуфт, раҳбари Русия "заъиф" аст ва "дубора ҷангро интихоб кардааст".
Ҳамзамон мақомҳои украинӣ эълон карданд, ҳамлаҳои нави Русия ба Донетск боиси ҳалокати чор нафар ва захмӣ шудани ҳафт нафари дигар шуд.
Украина ахиран ҳамлаҳои худ бо ҳадаф қарор додани зерсохтҳои низомӣ ва энержӣ дар дохили хоки Русияро афзоиш додааст.
Ба навиштаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ҳадафи Украина аз ин иқдом, коҳиши даромадҳои Маскав аз ҷаҳиши қимати нафт аст. Ҷаҳише, ки дар пайи ҷанги Амрико бо Эрон ва ноамнии убур ва мурур аз тангаи муҳими Ҳурмуз ба миён омадааст.
Путин дар нишасти Санкт-Петербур дар посух ба пурсише дар ин бора гуфт, ки ин ҳамлаҳо хисоратҳои иқтисодии мушаххасе ба Русия ворид кардааст, аммо иддао намуд, ки ин мавзӯъ таҳдиди фаврӣ барои иқтисоди кишвар ё сармоягузорон эҷод намекунад.
Зеленский қарор аст рӯзи 7 июн дар Лондон бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, Кейр Стармер, нахусвазири Бритониё ва Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, дидор кунад, то талошҳои дипломатӣ барои поёни ҷанг ҷони тозае бигирад.