Путин гуфт, аз нигарониҳои амниятии Тоҷикистон огоҳ аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин. Шаҳри Бишкек, 1-уми сентябри 2026

Владимир Путин, президенти Русия, дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз нигарониҳои амниятии Душанбе, бахусус дар мавриди рӯйдодҳои Афғонистон, огоҳ аст.

Гуфтугӯйи ду ҷониб рӯзи якуми сентябр дар шаҳри Бишкек ва дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом шуд.

Дафтари матбуоти Тоҷикистон рӯзи сешанбе навишт, "таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амнияту суботи минтақа, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд", аммо тафсилот наовард.

Кремл навореро нашр кард, ки дар он Владимир Путин дар баробари ситоиш аз додугирифти афзуни иқтисодии Душанбе ва Маскав гуфтааст, "мо аз нигарониҳои шумо (Тоҷикистон) дар бораи ончи дар кишвари ҳамсоя, Афғонистон, мегузарад, хабар дорем. Дар ин замина ва масъалаҳои дигари вобаста ба таъмини амният дар тамоси наздик ҳастем."

Маълум нест, ишораи Путин ба чист.

Ҳафтаҳои гузашта ноҳияи Нусайи Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳиди даргирии шадид миёни нерӯҳои "Толибон" ва як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ буд.

Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон эътироз карданд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донист, аммо аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт.

Дар пасманзари ин ҳодиса, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 19-уми август эълон кард, ки кормандони ҳукумати ин кишвар муваққатан аз сафар ба минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, бавижа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), манъ шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад.