Путин дар мулоқоти солонааш бо хабарнигорон чӣ гуфт?

Владимир Путин, президенти Русия. 19-уми декабри 2025

Владимир Путин, президенти Русия, мулоқоти солонаашро бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ бо тасвири пешрафти артиши Русия дар ҷабҳаи ҷанг дар Украина оғоз намуд. Вай ҳеч ишора накард, ки Кремл барои расидан ба сулҳ ба кадом созише ё гузаште омода аст.

Раҳбари Русия дар мулоқоти солонааш дар бораи қатли бераҳмонаи як навраси тоҷик дар вилояти Маскав, ки сокинони Тоҷикистон ва баъзе аз гӯшаҳои дунёро такон дод, ёде накард. Суол дар бораи ин ҳодиса аз ҷониби хабарнигори тоҷике ҳам, ки дар толор ва дар рӯ ба рӯи Путин қарор дошт, дода нашуд. Қобилҷон Алиеви даҳсола 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз дасти ноблоиғи 15-солаи рус ба қатл расид. Ӯро дар ноҳияи Шаҳринав дафн карданд. Муттаҳам ба ҳабс гирифта шудааст.

Мулоқоти Владимир Путин рӯзи 19-уми декабр доир ва чанд соат мустақим дар шабакаҳои телевизионии Русия пахш шуд. Дар он Путин бори дигар такрор кард, ки кишвараш дар ҷанг бо Украина пешдастӣ дораду Маскав тамоми вазифаҳои дар наздаш гузоштаро иҷро хоҳад кард.

Ӯ ҷониби Украинаро сабабгори бунбасти музокироти сулҳ номид: "Ибтидо мувофиқ буданду ба санадҳо имзо гузоштанд. Сипас аз ҳамаи созишҳо даст кашиданд. Ҳозир ҳам аз хатми низоъ ба воситаи ташаббусҳои осоишта худро канор мекашанд."

Дар ҳар сурат, ба гуфтаи Путин, "аз тарафҳои гуногун ва аз ҷумла режими Киева баъзе ишораҳоро ба зарурати муколама мебинему эҳсос мекунем. Мехоҳам бигӯям, ки мо ҳам омода ҳастем ва мехоҳем, ки низоъ бар пояи тақозоҳое, ки дар моҳи июни соли гузашта дар Вазорати корҳои хориҷии Русия матраҳ намудаем, хотима ёбад. Яъне рафъи сабабҳои ибтидоии сар задани низоъ бояд бартараф карда шаванд."

Ин дар ҳолест, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, борҳо гуфтааст, ки кишвараш барои музокироти сулҳ омодааст, вале Маскав корро кашол дода, барои поён додан ба ҷанг майле нишон намедиҳад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, талош дорад, ки таҷовузи наздик ба чорсолаи Русияро ба хоки Украина хотима бахшад.

Иттиҳоди Аврупо чанд соат пеш аз мулоқоти Путин дар мавриди истифодаи пулҳои ҳабсшудаи Русия ба мувофиқат нарасид. Тибқи пешниҳод мебоист ин пулҳо барои иқтисоди Украина сарф мешуданд. Ба ҷойи он, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки ба Киев қарзи боимтиёзи баробар бо 90 миллиард евро бидиҳад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Путин дар мулоқоти солона бештар аз ҷанги Украина гуфт