Путин дар моҳи май ба Қазоқистон сафар мекунад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар охирҳои моҳи майи имсол ба Қазоқистон сафар мекунанд. Дар ин бора дафтари раёсати ҷумҳури Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон, президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев бо Владимир Путин, ҳамтои русаш гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.

Манбаъ мегӯяд, ки Путин дар ин сӯҳбат баргузории муваффақиятомези ҳамапурсии миллӣ ва қабули Қонуни Асосии нави Қазоқистонро ба Тоқаев табрик гуфтааст.

"Ҳарду президент дар бораи дастури кори дуҷониба гуфтугӯ карданд. Қосимҷомарт Тоқаев бар аҳамияти сафари расмии раисҷумҳури Русия ба Қазоқистон, ки қарор аст охирҳои моҳи май анҷом шавад, барои мушорикати стратегӣ байни ду кишвар таъкид кард",-омадааст дар ин хабар.

Раисҷумҳури Русия пеш аз ин дар моҳи ноябри соли 2023 аз Қазоқистон боздид карда буд.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар моҳи марти соли 2023 дастури боздошти президенти Русияро бароварда буд. Ӯ ба ҷинояти ҷангӣ ва интиқоли маҷбурии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба Русия муттаҳам аст.

Кишварҳое, ки узви Аҳдномаи Рим ҳастанд, ӯҳдадоранд, ки дар сурати ворид шудани Путин ба қаламравашон, ӯро боздошт кунанд. Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Аҳдномаи Римро имзо накардааст.