Путин чанд "қонуни саркӯбкунанда"-ро дар Русия имзо кард

Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 22-юми апрел ба чанд қонуни "саркӯбкунанда" дар ин кишвар имзо гузошт.

Бино ба тағйироти нав, дар қонунгузории Русия барои дурӯғпароканӣ ё маълумоти “фейк” дар бораи артиш ва даъват ба таҳрим алайҳи ин кишвар мусодираи молу амвол пешбинӣ шудааст.

Агар додгоҳ исбот кунад, ки ин кор супоришӣ буда, ё бо нияти бад анҷом шудааст, молу мулки ӯ гирифта мешавад. Бар асоси ислоҳи қонун барои “беобрӯ кардан” дигар на ҷавобгарии маъмурӣ, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Ҳамчунин рӯйхати амалҳое, ки бар асоси он шаҳрвандон ва ширкатҳо “агенти хориҷӣ” эътироф мешуданд, бештар шуд. Аз ҷумла, барои “ёрӣ” ба созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ.

Шахсон ва созмонҳои ҳуқуқие, ки “агенти хориҷӣ” шинохта шудаанд, наметавонанд дар Русия фаъолияти омӯзишӣ ва иттилоотӣ пеш баранд. Агар муассисаи таълимӣ “агентӣ хориҷӣ” дониста шавад, фавран иҷозатномаи он бекор мешавад.

Тибқи тағйироти охир, ҳар касе, ки ба ҷинояти “зидди амнияти Русия” даст задааст, ҳатто агар дар хориҷ аст, ғоибона ҳукмаш эълон хоҳад шуд.

Барои хабар надодан дар бораи “омодагӣ ба тахрибкорӣ” акнун то як сол зиндон пешбинӣ шудааст.