Путин ба Чин сафар мекунад

Владимир Путин ва Си Ҷинпин, президентҳои Русия ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Интизор меравад, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба Чин сафар кунад.

Кремл ибрози умедворӣ кардааст, ки Путин дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи худ ба Пекин, бо Си Ҷинпин, ҳамтои чиниаш дар бораи сафари ахири Доналд Трамп, президенти Амрико ба ин кишвар, гуфтугӯ кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 15 май ба хабарнигорон гуфт, ки ҷузъиёти сафари Путин ба Чин, ки ба гуфтаи ӯ бисёр ба зудӣ анҷом хоҳад шуд, ниҳоӣ шудааст ва таърхи дақиқи он ба зудӣ эълон мешавад.

Бархе расонаҳо навиштанд, ки Путин рӯзи 20 май ба Чин сафар мекунад.

Песков афзудааст, ки президентҳои Русия ва Чин дар баробари масоили дуҷониба ва тиҷорат миёни ду кишвар, дар бораи масъалаҳои байналмилалӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Трамп рӯзи 14 май ба Чин сафар кард ва баъд аз дидор бо раисҷумҳури Чин гуфт, ки Си Ҷинпин пешниҳод додааст, барои тавофуқ бо Эрон ва замонати рафтуомади амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз кӯмак кунад ва ваъда дод, таҷҳизоти низомӣ ба Эрон нафиристад.