Путин аз боварияш ба пирӯзӣ гуфт, Зеленский аз сулҳу истодагарӣ

Владимир Путин (чап) ва Владимир Зеленский (рост)

Раисҷумҳури Русия бахши асосии паёмашро дар шаби Соли нав ба ширкатдорони “амалиёти махсуси низомӣ” бахшид. Маскав ҷанги густурдаашро дар Украина расман чунин меномад.

Владимир Путин рӯзи 31-уми декабри 2025 низомиёни Русияро "қаҳрамон" хонд ва иддао кард, ки онҳо барои “ҳақиқат ва адолат” мубориза мебаранд.

Вай бо ибрози боварияш ба пирӯзӣ, аз мардум хост, бо сухан ва амал низомиёнро дастгирӣ кунанд, аммо дар бораи сулҳ ва поён додан ба ҷанг дар Украина ҳарфе ба забон наовард.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар паёми солинавии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истодагарӣ ва заҳмати украиниҳо, бавижа низомиён, ситоиш кард.

Ӯ гуфт, сокинони Украина "қобилияти ҳамкорӣ ва инсондӯстӣ"-ро бо худ ба соли 2026 мебаранд. "Мо ба сулҳ бовар дорем, барои он мубориза мебарем ва барои он кор мекунем," – навишт ӯ.

Паёми раҳбарони Русия ва Украина дар ҳоле садо дод, ки вазъ дар майдони ҷанг душвор мемонад ва ҳарду ҷониб ба якдигар бо мушаку паҳпод зарба мезананд.

Русия аз моҳи феврали соли 2022 ба ҳамлаи густурдааш дар хоки Украина беист идома медиҳад.