Як рӯз пас аз тасвиби қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ояндаи сулҳ дар Сурия, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, агар зарур бошад, Русия аз "силоҳҳои пешрафтатар" дар Сурия истифода хоҳад кард.
Оқои Путин рӯзи 19-уми декабр дар маросими қадрдонӣ аз нерӯҳои амниятии кишвараш дар Кремл гуфтааст, ки "шоҳиди амалиёти ҳамоҳанг ва муассири халабонҳо ва нерӯҳои кашфӣ дар Сурия ҳастем. Воҳидҳои мухталифи низомӣ, нерӯҳои баҳрӣ, ҳавоӣ дар ҳоли истифода аз пешрафтатарин силоҳҳо ҳастанд". Президенти Русия дар идома гуфтааст, ки "мо тавонмандиҳои бештаре дорем, ки агар лозим бошад, аз онҳо истифода хоҳем кард."
Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз оғози даргириҳо дар Сурия то ба ҳол 250 ҳазор нафар кушта ва миллион нафар овора шудаанд. Ин дар ҳолест, ки талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ин ҷанг натиҷае надоштааст.
Рӯзи ҷумъа Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномае дар ҳимоят аз талошҳо барои даст ёфтан ба роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҷанги дохилии Сурияро тасвиб кард. Бар пояи ин қатънома, барои шаш моҳ дар ин кишвар ҳукумати интиқолӣ ташкил шуда ва баъдан интихобот баргузор мешавад. Аммо дар ин қатънома ба сарнавишти Башор Асад дар ҷараёни ин раванди сиёсӣ ишорае нашудааст.
Русия ва Эрон мегӯянд, ки фақат мардуми Сурия бояд дар бораи ояндаи Башор Асад тасмим бигиранд. Ин дар ҳолест, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Башор Асад монеи асосӣ барои барқарории сулҳ дар Сурия аст ва бояд биравад.
Владимир Путин ҳамчунин гуфтааст, ки "мехоҳам бар ин нуқта таъкид кунам, ончӣ мо ба кор бурдаем, ҳама тавонмандиҳои низомии мо набудааст. Мо то ба ҳол аз ҳама чиз истифода накардаем. Мо тавонии бештаре дорем, ки агар зарур бошад, аз онҳо истифода хоҳем кард."
Нерӯҳои ҳавоии Русия аз се моҳ ба ин тараф амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мухолифи Башор Асадро оғоз кардааст. Русия мегӯяд, ки ин ҳамлаҳо бо дархости Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия анҷом мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ва НАТО дар оғози ин ҳамлаҳо гуфта буданд, ки Русия бештар пойгоҳҳои мухолифони миёнарави ҳукумати Сурияро бамборон мекунад.