Пулиси Душанбе як ноболиғро аз тарбияи модараш берун кардааст

Пулис гуфтааст, ки модар ҷони фарзандашро дар хатар гузошта буд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе хабар додааст, ки як писари хурдсолро аз тарбияи модараш берун карда, ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ супурдааст.

Ин ниҳод рӯзи 21-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст, ки писари ноболиғи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба оворагардӣ машғул буд.

Ба гуфтаи пулис, ин зан “писари хурдсоли худро ба савдо дар маконҳои номуайяншуда ва оворагардӣ водор намуда, аз таҳсилоти ибтидоӣ дур сохтааст.”

Назари ин зан ба изҳороти пулис маълум нест, вале дар гузашта сокинон гуфта буданд, ки аз нодориву ночорӣ фарзандони хурдсолӣ худро ба кор ҷалб мекунанд.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки бар асоси моддаи 73-и Кодекси оила бемаҳрум сохтан аз ҳаққи модарӣ фарзанди ин зан ба таҳсил ҷалб шудааст.

Маъмулан, ин модда нисбат ба падару модароне татбиқ мешавад, ки бо сабаби беморӣ, нодорӣ, гирифторӣ ба бемории рӯҳӣ ё майзадагӣ имкони тарбияи фарзандро надоранд ва онҳоро дар хатар мегузоранд.