Пулиси Душанбе аз тоҷирон хост, пеш аз ид нархро боло набаранд

Бозори "Меҳргон"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе аз беасос боло рафтани нархи маҳсулот дар остонаи иди Қубон, пулис ба тоҷирон ҳушдор додааст, ки аз ин кор худдорӣ кунанд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 25-уми май дар хабарномае навишт, бо ҳадафи танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт "рейду чорабиниҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.

Дар остонаи таҷлили иди Қурбон, ки 27-уми май баргузор мешавад, сокинони пойтахт аз якбора боло рафтани нархи маҳсулот шикоят доранд. Тоҷирон чун солҳои гузашта мегӯянд, ки маҳсулотҳоро аз яклухтфурӯшон гарон гирифтаанд ва наметавонанд онро арзон фурӯшанд.

Пулиси Душанбе ба тоҷирон ҳушдор додааст, ки "барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби истеъмолкунандагон ва начаспонидани нархномаҳо ба молу маҳсулот" ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Раёсати корҳои дохили Душанбе ҳамчунин аз волидайни кӯдакон дархост кардааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон фарзандони худро беназорат нагузоранд.