"Пули муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад"

Муҳоҷирон ҳангоми намози ид дар Маскав. Акс аз соли 2024

Як таҳқиқи нав нишон додааст, ки бо вуҷуди бузургтар шудани иқтисод дар 15 соли гузашта, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам наметавонад аҳолии дар ҳоли афзоишро бо ҷойҳои кории кофӣ ва муносиб таъмин кунад.

Таҳқиқи мазкурро дар бораи вазъи демографӣ, иқтисод ва бозори кор Бунёди Байнулмилалии Суботи Рушди АвруОсиё анҷом додааст. Бунёди мазкур дар Қазоқистон ҷойгир аст ва аҳволи Тоҷикистону Қазоқистон ва Арманистону Қирғизистон дар 15 соли гузашта ва ояндаи онҳоро таҳқиқ кардааст.

Муқоисаи қудрати харидории тоҷикон бо дигарон

Бекорӣ ё норасоии ҷойи кор як мушкили ҷиддӣ ва асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ солона садҳо ҳазор нафар ба сабаби набуди кору музди муносиб ба Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Дар таҳқиқи мазкур бо номи "Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори кор. Воқеият ва чолишҳо", ки ҳафтае пеш нашр шуд, омадааст, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП)-и Тоҷикистон аз соли 2010 то соли 2024 ба андозаи 3,1 баробар афзудааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар миёни кишварҳои мавриди баррасӣ ба шумор меравад.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, бо вуҷуди рушди пойдори иқтисодӣ, некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои минтақа поинтар аст. Масалан, қудрати харидории мардуми Тоҷикистон фақат 12 дар сади қудрати харидории мардуми Русияро ташкил медодааст.

Инро ҳам бинед:

Теъдоди расмии бекорон дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи сентябри имсол ҳангоми суханронӣ дар бораи 35-умин солгарди истиқлоли кишвар гуфт, ки дар 25 соли гузашта, “музди миёнаи меҳнат 178 баробар ва нафақа 126 баробар зиёд гардида, имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуданд." Ӯ афзуд, дар ин муддат дар кишвар “барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ зиёда аз 4 миллиону 300 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.”

Аммо муаллифони гузориш мегӯянд, бузургтар шудани иқтисоди Тоҷикистон то кунун ба афзоиши мутаносиби ҷойҳои кории расмӣ нарасондааст. "Тақрибан 60 дар сади мардуми қобили кор дар Тоҷикистон ба корҳои ғайрирасмӣ ва бахусус дар соҳаи кишоварзӣ ва хидматрасонӣ машғуланд," – гуфтаанд онҳо.

Беш аз 7 миллиард доллар дар як сол

Бино ба омори ҳукумати Тоҷикистон, то охири моҳи августи соли 2026 тақрибан 57 ҳазор нафар ҳамчун бекор расман сабти ном шудаанд, ки фақат 2 дарсади нерӯи кориро дар кишвар ташкил медиҳад.

Муаллифони пажӯҳиш гуфтаанд, сатҳи нисбатан пасти бекорӣ ҳатман аз вазъи хуби бозори кор дар Тоҷикистон дарак намедиҳад, зеро қисмати зиёди аҳолии қобили кор ё дар бахши ғайрирасмӣ кор мекунанд, ё барои кор ба хориҷ мераванд, ё комилан аз бозори кор берун мондаанд.

Нақши муҳоҷират дар иқтисоди Тоҷикистон ҳам бисёр муҳим дониста шудааст. Дар таҳқиқ омадааст, “пули муҳоҷирони корӣ ҳамчунон дар иқтисоди Тоҷикистон мавқеи вижа дорад. Пуле, ки муҳоҷирони корӣ фиристодаанд, аз 1.4 миллиард доллар дар соли 2010 ба 7.2 миллиард доллар дар соли 2024 расидааст.” Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқ, вобастагӣ аз пуле, ки аз хориҷ меояд, иқтисоди Тоҷикистонро дар баробари таконҳои хориҷӣ осебпазир мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Аз саҳар то бегоҳ меҷунбем, хароҷот бисёр." Тоҷикон аз кадом ҳисоб рӯз мегузаронанд?

Яке аз нукоти дигаре, ки дар таҳқиқ ба он таваҷҷуҳ кардаанд, афзоиши босуръати аҳолии Тоҷикистон аст, ки аз 7 миллиону 700 ҳазори соли 2010 ба бештар аз даҳуним миллион нафар дар соли 2025 расид. Бино ба пешгӯиҳои мақомот, то охири имсол аҳолии Тоҷикистон ба 11 миллион нафар мерасад.

Дар гузориши “Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори кор. Воқеият ва чолишҳо” омадааст, то соли 2040 шумораи аҳолии қобили кор то ба 5,1 миллион нафар мерасад. Муаллифони гузориш гуфтаанд, ин ба он маъност, ки ҳукумат барои бо кор таъмин кардани аҳолии дар ҳоли афзоиш бояд бо суръати баланде ҷойҳои нави корӣ офарад.

Музди кам дар идораҳои давлатии Тоҷикистон яке аз мушкилоти дигарест, ки дар пажӯҳиш ба он таваҷҷӯҳ кардаанд. Дар пажӯҳиш омадааст, музди кори омӯзгорону соҳаи тандурустӣ ва бахши давлатӣ аз маоши кормандони соҳаи саноат бисёр камтар аст, ки мардумро ба касби омӯзгорӣ ва табибӣ дилсард мекунад.

Дар миёни дигар монеаҳои рушди иқтисодӣ, муҳаққиқон рушди нокофии бахши хусусӣ, камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон ва камсамарии кори корхонаҳои давлатиро ном бурдаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи сентябр гуфт, дар 25 соли гузашта бахши хусусӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст ва беш аз 70 дарсади ҷойҳои кориро маҳз дар ҳамин бахш аст.

Хулосаи асосии муаллифон ин аст, ки танҳо суръати баланди рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои афзоиши некӯаҳволии аҳолӣ кофӣ нест ва барои рушди дарозмуддат ба ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ки ҷойҳои кории муносиб офарад, сатҳи таълимро ва омодагии касбиро боло барад ва пойбандии иқтисодро аз муҳоҷирати корӣ коҳиш диҳад.

Раисҷумҳур дар паёми солонаи худ ба порлумон гуфта буд, Тоҷикистон ният дорад аз соли 2026 то соли 2030 тақрибан 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис диҳад, ки ба ҳисоби миёна, 280 ҳазор ҷойи кор дар як солро ташкил медиҳад. Ҳадафе, ки ба гуфтаи иқтисоддонҳо, иҷрояш барои кишварҳои пешрафта ҳам мушкил аст.