Ба гузориши ин вазорат, қаллобон “бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба боварии шаҳрвандон даромада”, бо ваъдаи кор дар хориҷ маблағашонро азхуд мекунанд. Дар як моҳи ахир Радиои Озодӣ ҳам чанд шикояте бо ин мазмун дарёфт кард.
“Пули ҷарроҳии модарамро додам”
Боймат Табаров, сокини шаҳри Бохтар ду маротиба барои кор дар Аврупо талош кард, аммо мегӯяд, фиреб хӯрд. Аввал бо ваъдаи гирифтани ҳаққи иқомат дар Литва 15 ҳазор сомонӣ ва маротибаи дуюм барои кор дар Англия қариб се ҳазор сомонӣ супорид. Пулашро бозпас гирифта натавонист.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, бори аввал тариқи Телеграм бо Далер Урунов ном шахсе шинос шуд, ки дар Русия зиндагӣ мекунад.
“Ваъда дод, ки барои ман ҳуҷҷати ҳаққи иқомат дар Латвия тайёр мекунад. Гови хонаро фурӯхтам ва ҳам пули ҷарроҳии модарамро гирифта, ба ӯ қариб 15 ҳазор сомонӣ гузарондам. Аз байн ҳафт моҳ гузашт, гӯё ширкаташон барҳам хӯрдаст ва пурра аз баҳри пули ман гузаштанд. Имрӯзу пагоҳ гуфта пули маро намедиҳанд. Адвокат гирифта ба мақомот муроҷиат кардам, як бор намояндагони додситонӣ занг заданд, дигар хабар нест”, - афзуд Боймат Табаров.
Талошҳои мо барои пайдо кардани Далер Урунов бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудан, назари ӯ дар матн илова мешавад.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чӣ гуна муҳоҷирони кории тоҷикро фиреб медиҳанд?
Далер Урунов мегӯяд, маротибаи дуюм ҳамроҳи қариб 150 нафар бояд барои кор ба Британияи Кабир мерафтанд. Ба инҳо ваъда додаанд, ки корашонро бепул иҷро мекунанд ва барояшон “дар меҳмонхонаҳои панҷситорадори Англия” ҷойи кор медиҳанд, ки маошаш “4 то 5 ҳазор фунт стерлинг” аст. Аз байн шаш моҳ гузашт, вале ба гуфтаи Далер Урунов боз ҳам онҳоро фиреб доданд. Урунов мегӯяд, дуюм маротиба қариб се ҳазор сомонӣ харҷ кард ва касе ҳам онро барнамегардонад.
“Шартномаро бо почта равон карданд дидам нусхабардорӣ шуда буд. Дар матн QR-код аз ташкилот буд, онро дар телефон санҷидам, чизе нишон намедиҳад. Шубҳа дар дилам пайдо шуд, ки дар ин кор чизе нодуруст аст. Аз сабабе, ки зиёд ноумед будам чизе нагуфтам”, - афзуд ин сокини шаҳри Бохтар.”
"Боғбонӣ" дар Фаронса
Салоҳиддин Давлатов, сокини ноҳияи Панҷ аз ҷумла нафароне аст, ки бо ваъдаи кор дар Аврупо фиреб хӯрдааст.
Давлатов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як моҳ пеш дар саҳифаи Гугл эълонеро дар бораи кор дар Аврупо дид. Барояш пешниҳод кардаанд, ки дар Фаронса кори боғбонӣ аст.
Барои онки Салоҳиддин Давлатов ба кор дар Аврупо бовар кунад, барояш наворе фиристодаанд, ки гуё ба номи ӯ аз Вазорати корҳои дохилии Фаронса даъватнома омадааст. Ҳамаи ин боис шуд, ки Салоҳиддин Давлатов ба онҳо бовар кунад ва моҳи март барояшон аз Тоҷикистон қариб 19 ҳазор сомонӣ (1930 доллар) фиристад. Аз ӯ боз пул талаб карданд.
"Баъди гузарондани маблағ 3-4 рӯз гузашт, ки як коргар занг зад, ки барои ту бояд ҷойи зист гирем ва 18 ҳазор сомонии дигар зарур аст. Гуфтам, ин хел гап нест. Гуфт, пас, 8 ҳазор сомонӣ парто. Баъди он гуфт, 4 ҳазор сомонӣ фирист. Нафиристодам," - мегӯяд Салоҳиддин Давлатов.
Ин ҳамсуҳбати мо бо пешниҳоди расид (чек) ба Радиои Озодӣ гуфт, пулро ба як корти бонки "Душанбе сити" гузаронд. Маълум нест, ки қаллобон аз куҷо соҳиби корти "Душанбе Сити Бонк"-и Тоҷикистон шудаанд. Намояндагони бонк ба суолҳои мо посух надоданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ талош кард аз тариқи Телеграм ба нафароне суҳбат кунад, ки бо Салоҳиддин Давлатов суҳбат карда, аз ӯ маблағ гирифтаанд. Аммо ин нафарон ба суолҳои мо дар Телеграм посух надоданд. Як ҷустуҷӯи кӯтоҳ дар интернет нишон дод, ки рақами телефони ин афрод дар рӯйхати шахсони фиребгар ҷой дода шудааст.
Барои фиреб нахӯрдан чӣ бояд кард?
Солҳои ахир кор дар Аврупо ва Бритониё ба орзуи бахше аз сокинони Тоҷикистон табдил шуда, майли зиёди онҳо зоҳиран шароитро барои қаллобон ҳам фароҳам кардааст.
Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар ду соли ахир зиёда аз 350 тоҷикистонӣ аз фиреб хӯрданашон шикоят кардаанд. Мутахассисони ин созмон ба муҳоҷирон, аз ҷумла ба онҳое, ки хоҳиши кор дар Аврупо доранд, дар бораи муҳоҷирати бехатар маслиҳати ҳуқуқӣ медиҳанд.
Фараҳноз Ҷалилова, корманди Созмони байналмилалии муҳоҷират ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандон метавонанд аз рӯи ин нишонаҳо фаҳманд, ки эълони ҷойи кор дар Аврупо фиреб аст: "пеш аз ҳама дар он эълонҳо маоши хеле зиёд пешниҳод мекунанд, аз 3 то 5 ҳазор евро. Ваъда медиҳанд, ки ҷойи хоб ва хӯроки бепул медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳое ҳаст, ки мегӯянд, корфармо ба шумо билети рафтубаргаштро мехарад, донистани забон зарур нест. Инчунин роҳи бо кор таъмин карданро бисёр осон нишон медиҳанд, ҳатто мегӯянд, ки мо барои шумо раводид тайёр мекунем дар муддати чанд рӯз ё як ҳафта."
Ин мутахассис мегӯяд, шаҳрвандон пеш аз бастани шартнома ва фиристодани маблағ ба хатти оҷилии Созмони байналмилалии муҳоҷират бо рақами 900800800 тамос гиранд.
"Машваратҳо ройгон аст. Мо ҳатто метавонем ҳамон ҳуҷҷатҳоеро санҷем, ки қаллобон равон кардаанд. Вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ коргар мекобанд ин худаш хатари калон аст. Чун корфармои асосӣ ҳеч гоҳ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ коргар ҷалб намекунад. Онҳо сомонаҳои расмӣ доранд, талаботҳои худро доранд, масалан забондонӣ ҳатмӣ аст”, - афзуд Фараҳноз Ҷалилова.
Омори муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо маълум нест. Зиёд шудани рейду бадрафториии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳоҷирон дар Русия ва қабул шудани чанд қонуни сахтгирона дар он кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷбур кардааст, бо ҳар роҳ худро ба Аврупо расонанд. Ҷое, ки музди кор бештар ва муносибати намояндагони ҳифзи ҳуқуқ нармтар тавсиф мешавад.