Додгоҳи вижаи расидагӣ ба ҷиноятҳои ҷангии Косово, Ҳошим Тачи, раисҷумҳури пешини ин кишварро ба иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла, куштор, шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ, ба 25 сол зиндон маҳкум кард.
Ин додгоҳ, ки қароргоҳаш дар Гаага мебошад, рӯзи 16 сентябр эълон кард, Тачи дар иртибот бо куштори 96 мухолифи сиёсӣ ва афроде, ки ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятии Сербистон гумонзад ҳастанд, гунаҳкор шинохта шудааст.
Ҳошим Тачи ҳамаи иттиҳомҳо алайҳи худро рад кардааст.
Ин ҷиноятҳо дар ҷараёни ҷанги солҳои 1997 ва 1999 ва замоне рух дод, ки Тачи аз фармондеҳони баландпояи "Артиши озодибахши Косово" буд. Ин гурӯҳ асосан аз албанитаборон ташкил шуда буд, ки барои ҷудоии Косово аз Сербистон меҷангиданд.
Ҳошим Тачи пас аз ҷанг ба яке аз муҳимтарин чеҳраҳои сиёсии Косово табдил шуд ва дар соли 2008 то 2014 нахуствазир ва аз соли 2016 раисҷумҳури ин кишвар буд.
Аммо дар соли 2020 пас аз боз шудани парванда алайҳаш аз ин мақом истеъфо дод ва пас аз боздошт, ба боздоштгоҳи Додгоҳи вижаи Косово дар Гаага интиқол ёфт.
Додгоҳи вижаи Косово дар соли 2015 барои расидагӣ ба иттиҳомоти марбут ба ҷиноятҳои аъзои пешини Артиши озодибахши Косово ташкил шуд. Ин додгоҳ дар Гаага ҷойгир аст ва бар асоси қонунҳои Косово ва додрасҳо ва кормандони байналмилалӣ, фаъолият мекунад.
Чаҳор рӯз пеш аз содир шудани ҳукми Ҳошим Тачи, даҳҳо нафар дар Приштина, пойтахти Косово дар ҳимоят аз ӯ ва се фармондеҳи дигари Артиши озодибахши Косово тазоҳурот карданд ва хостори озодии онҳо шуданд.
Бисёре аз албанитаборҳои Косово Ҳошим Тачи ва дигар фармондеҳони пешини Артиши озодибахшро аз "чеҳраҳои мубориза барои истиқлоли ин кишвар" медонанд.