Трамп гуфтааст, рӯзе ба Узбекистон сафар мекунад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои дидани Узбекистон майл нишон додааст, аммо замони сафари ӯ ҳанӯз маълум нест. Дар ин бора Паоло Замполли, фиристодаи вижаи Трамп дар масоили шарикии ҷаҳонӣ, дар суҳбат бо телевизиони давлатии "Узбекистон 24" дар шаҳри Тошканд хабар дод.