Дар наворҳое ки субҳи 15-уми январ нашр шуд, дида мешавад ки садҳо афсари пулиси Кореяи Ҷанубӣ дар атрофи манзили Юн Сок Ёл қарор доранд.
Тибқи гузоришҳои ибтидоӣ, нерӯҳои муҳофизи Юн Сок Ёл бо кормандони пулис даргир шуданд.
Ин талоши дувуми мақомоти Кореяи Ҷанубӣ барои боздошти Юн Сок Ёл буд.
Чанд рӯз қабл мақомот кӯшиш карданд, ки ӯро боздошт кунанд, аммо бо муқовимати маъмурони амниятии раёсати ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ гаштанд.
Вакилони мудофеи Юн Сок Ёл гуфтаанд, талоши боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст ва ҳадаф аз он таҳқири вай дар ҷомеа мебошад.
Иқдоми Юн Сок Ёл дар эълони вазъияти ҳукумати ниҳомӣ дар оғози декабри соли 2024 мардуми Кореяи Ҷанубиро дар ҳолати шок ва ин кишварро дар рӯбарӯи як буҳрон қарор дод.
Рӯзи 3-юми декабр Юн эълон кард, ки, ба гуфтааш, “ба хотири мубориза бо ҷонибдорони дохилии Кореяи Шимолӣ” дар кишвараш ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад.
Қароре, ки шаш соат умр дид, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили эътирозҳо, корпартоиро манъ карда, дар кишвар сензура ва кори додгоҳҳои низомиро фаъол мекард, ки ҳаққи содир кардани ҳукмҳои маргро доранд.
Парлумони ин кишвар рӯзи 14-уми декабр аз тарҳи нобоварӣ ё импичменти президент пуштибонӣ кард ва фаъолияти ӯро боздошт.