Эмомалӣ Раҳмон ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15 сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар нахустин Ҳамоиши "Осиёи Миёна-Ҷумҳурии Корея", ба Сеул сафар кард. Ин ҳамоиш рӯзи 16 сентябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энержӣ ва захираҳои об, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, раиси Бонки миллӣ, директори Оҷонси содирот, раҳбарони Хадамоти гумрук ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба иттилои мақомоти Кореяи Ҷанубӣ, ин аввалин нишасти раҳбарони минтақа ва Сеул мешавад. Муколама миёни ду тараф аз соли 2007 дар қолаби Форуми ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирон ҷараён дошт ва акнун ин раванд ба сатҳи раҳбарони кишварҳо бардошта мешавад.

Дар назар аст, ки дар анҷоми нишаст, "Эъломияи Сеул" қабул шавад, ки чаҳорчӯби ҳамкориҳои дарозмуддатро муайян мекунад. Рӯзи 11 сентябр зимни мулоқот бо мушовиронаш Ли Ҷэ Мён, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба имкониятҳои густурдаи панҷ кишвари минтақа таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст: "Осиёи Марказӣ дорои захираҳои фаровони энержӣ ва маъданҳои нодир ва имконоти бузург аст".

Ба навиштаи расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ли Ҷэ Мён рӯзи душанбе бо раисиҷумҳури Узбекистон мулоқот кард ва имрӯз бо раҳбарони Туркманистон ва Қазоқистон мулоқот мекунад. Рӯзи чоршанбе, пеш аз оғози нишасти шашҷониба дар нимаи дувуми рӯз, суҳбати ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Қирғизистон дар назар аст. Ба гуфтаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ, раҳбарони Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон бо сафари давлатӣ ва президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Сеул сафар мекунанд.

Пас аз хатми нишаст дар рӯзи чоршанбе, шаш раҳбар дар нишасти тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бо ҳузури 500 намояндаи ҳукуматӣ ва ширкатҳои хусусӣ ҳузур хоҳанд дошт. Тоҷикистон яке аз муштариёни таҷҳизоти электронӣ, ба мисли яхдону телевизион ва телефонҳои Самсунги Кореяи Ҷанубӣ аст, вале ба Корея асосан ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр содир мекунад.

Чанде пеш мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Кореяи Ҷанубӣ барои омӯзиш ва таҳияи тарҳи нахустин метро дар шаҳри Душанбе 200 000 доллар ихтисос додааст. Дар Душанбе ҳамчунин Марказҳои омӯзиши забони кореягӣ амал мекунанд ва барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳои ройгони таҳсил дар Корея дастрасанд. Байни ду тараф ҳамчунин дар мавриди муҳоҷирати кории тоҷикон ба Кореяи Ҷанубӣ мувофиқа ҳосил шудааст.