Посухи тунди шаҳрдори Маскав ба танқидҳо аз ихтисоси пасти муҳоҷирон

Акс аз соли 2019

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 3-юми декабр дар гуфтугӯи мустақим бо телевизионҳои "ТВ Центр" ва "Москва 24" ба шикояти сокинон дар бораи зиёд шудани муҳоҷирони камтахассус ва онҳое, ки забони русиро намедонанд, посухи тунд дод.

Шаҳрдор гуфт, ҳамин муҳоҷирон ҳастанд, ки кори вазнинро ба уҳда мегиранд. Собянин ба чунин «коршиносони норозӣ» машварат дод, ки бо дипломи олӣ худашон ҷоруб ба даст гирифта, кӯчаҳои Маскавро тоза кунанд.

Ба таъкиди шаҳрдор, шумори муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия аз соли 2018 бетағйир боқӣ мондааст.

Вай ҳамчуни бо истинод ба омори Вазорати умури дохилӣ таъкид намуд, ки теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон коҳиш ёфта, мизони ошкор шудани қонунвайронкунии онҳо афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон Сергей Собянин ба камбуди ним миллион нерӯи корӣ дар Маскав ишора кард, ки ба вазъи демографии ин кишвар бастагӣ дорад.

Пойтахти Русия яке аз маконҳои асосии корҷӯии даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бекори Тоҷикистон аст. Аммо ду соли охир Русия фишору маҳдудият ба муҳоҷиронро афзоиш додааст ва дигар ин кишвар макони амни корӣ барои муҳоҷирон дониста намешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пешниҳоди ҷорӣ кардани раводид миёни Русия ва кишварҳои Осиёи МарказӣҲукумати Русия ба маҳдудшавии ирсоли пули муҳоҷирон ба ватанҳояшон мухолифат кардРусия даҳҳо ҳазор патентро бекор кардааст. Сабаб чист?