Порлумони Қирғизистон пароканда шуд

Порлумони Қирғизистон

Дар Қирғизистон бо раъйи аксар вакилони "Ҷогоргу кенеш" ҳайати парлумони ин кишвар пароканда шуд.

Дар овоздиҳии имрӯза аз 90 вакил 84 нафараш бо пароканда кардани порлумон розӣ шуд.

Раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу гуфт, ки дархости пароканда кардани порлумонро чанде пеш дар як аризае 32 вакил пешниҳод карданд ва ба бовари ӯ, далелҳои онҳо асоснок ҳастанд. Дар ин муроҷиат гуфта шудааст, ки дар Қирғизистон моҳи ноябри соли 2026 интихоботи навбатии порлумонӣ ва январи соли 2027 интихоботи президентӣ барпо хоҳанд шуд ва Комиссиюни марказии интихобот дар фурсати кӯтоҳ наметавонад ин ду чорабинии муҳими сиёсиро баргузор намояд. Раиси парлумон гуфт, ду маъракаи паиҳами сиёсӣ дар кишвар мушкилоти сиёсию иқтисодӣ эҷод мекунад. Бар асоси қонун, дар паи қарори пароканда шудани порлумон дар давоми 5 рӯз бояд санаи баргузории интихоботи ғайринавбатӣ эълон шавад. Пешбинӣ мешавад, ки санаи интихоботи нав ба 30 ноябри имсол таъин мешавад.

Ҳайати амалкунандаи порлумони Қирғизистон соли 2021 интихоб шуда, ба он 90 вакил аз панҷ ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла, "Ота Ҷурт-Қирғизистон", "Ишеним", "Интимоқ", "Алянс", "Бутун Қирғизистон", "Ийман Нуру" шомил шудаанд.