Попи Рум хост, хушунатҳоро дар Ховари Миёна бас кунанд

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон

Раҳбари католикҳои ҷаҳон аз ҳама тарафҳои даргир дар Ховари Миёна хост, ки хушунатҳои давомдорро дар Лубнон, Исроил, Ғазза ва гӯшаҳои дигари Фаластин бас кунанд.

"Гаравгонҳо бояд озод карда шаванд. Ба расондани ёриҳои башардӯстона иҷозат дода шавад," – гуфт Поп Франсис ҳангоми сафараш ба Белгия.

Вай афзуд, шиддат гирифтани низоъро дар Лубнон "бо дард ва нигаронии зиёд пайгирӣ мекунад".